Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбеву Тифлисро роҳи ҳавоӣ ба ҳам мепайвандад

Душанбеву Тифлисро роҳи ҳавоӣ ба ҳам мепайвандад

Georgian Airways, ширкати ҳавопаймоии Гурҷистон ба парвоз дар масири Тифлис-Душанбе-Тифлис аз моҳи апрели соли оғоз мекунад. Дар ин бора, имрӯз раҳбари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Ин аввалин хатсайр байни Тоҷикистон ва минтақаи Қафқоз хоҳад буд. 

Дилшод Сафарзода гуфт, моҳи ҷорӣ ҳайати намояндагони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар ин бора гуфтушунид хоҳанд кард.

Ҳамзамон раҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки дар оянда байни Тоҷикистону Покистон, инчунин Арабистони Саудӣ парвозҳои мустақим роҳандозӣ мешавад.

Гуфтанист 29 декабри соли гузашта нахустин парвози ҳавопаймои ширкати кувайтии «Jazeera Airwaus» дар хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт ба роҳ монда шуд.

Ширкати кувайтии ҳавопаймоии «Jazeera Airwaus» дар як ҳафта ду парвозро дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт анҷом медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular