Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚазоқистон намояндагии тиҷориаш дар Русияро мебандад

Қазоқистон намояндагии тиҷориаш дар Русияро мебандад

Вазорати савдои Қазоқистон қарор дар бораи бастани намояндагии тиҷории ин ҷумҳурӣ дар Русияро ба муҳокимаи умум дар портали лоиҳаҳои қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Ҳуҷҷат дар сайти «Open NLA» нашр шудааст.

Муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳа ду ҳафта давом мекунад.

Ин дар ҳолест, ки намояндагии тиҷоратии Қазоқистон дар Русия ба хабаргузории РБК гуфтанд, ки онҳо ба таври муқаррарӣ кор мекунанд.

Созишнома дар бораи таъсиси мутақобилаи намояндагиҳои тиҷоратӣ миёни ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон моҳи октябри соли 1992 ба имзо расида буд. Қазоқистон онро соли 2012 ба тасвиб расонд.

Афзалияти кори намояндагии тиҷорӣ кумаки бемузд ба содиркунандагон ва дистрибюторҳои Қазоқистон дар ворид шудан ба бозори Русия, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба Қазоқистон мебошад.

Он ба соҳибкорони қазоқ дар пешбурди молу хизматрасонӣ дар Русия кӯмак мерасонад, инчунин фаъолиятҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ мегузаронад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular