Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧавошуғлу: Норвеж иҷозаи оташ задани Қуръон дар ин кишварро лағв кард

Чавошуғлу: Норвеж иҷозаи оташ задани Қуръон дар ин кишварро лағв кард

Вазири умури хориҷа гуфт, ки дар пайи ҳушдори Туркия, Норвеж муҷаввизи оташ задану тавҳини Қуръони карим дар ин кишварро лағв кард. 

Мавлуд Чавошуғлу вазири умури хориҷа тайи суханоне дар Анқара гуфт, ки дар натиҷаи ҳушдори Туркия, мақомоти норвежӣ муҷаввизи оташ задану тавҳин ба Қуръонро лағв карданд. 

Вай афзуд: имрӯз бо сафири Норвеж дар Анқара тамос гирифта ва иҷозаи мазкур лағв шуд. Ҷиноят алайҳи башарият озодии баён нест. Ин як ҷинояти ношӣ аз нафрат буда ва нафрат озодии баён нест. 

Чавошуғлу таъкид кард: ҷаҳонишавӣ ва суръати тағйирот сабаби афзоиши ҷиноёти ношӣ аз нафрат, нажодпарастӣ, бегонаҳаросӣ, нобурдборӣ ва табъиз алайҳи афроди бегона ба вижа исломҳаросӣ шудааст. 

Вай бо ишора ба ин ки Норвеж, Суид, Дания ва Финланд ҳамагӣ қавонини камубеш яксоне дар мавриди озодии баён доранд, гуфт: мо исломҳаросӣ, яҳудситезӣ ва зиддият бо масеҳиятро ҷиноят алайҳи башарият медонем.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular