Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГустариши ҳамкории Арабистон бо Ироқ дар пайи коҳиши нақши Эрон

Густариши ҳамкории Арабистон бо Ироқ дар пайи коҳиши нақши Эрон

Вазирони хориҷаи Ироқ ва Арабистон дар дидор бо якдигар хостори ҳамкории бештар дар заминаи иқтисодӣ, аз ҷумла таъмини барқи Ироқ ва чолишҳои минтақаӣ шуданд. 

Фоад Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ рӯзи панҷшанбе дувуми феврал дар дидор бо Файсал ибни Фараҳон, ҳамтои саудии худ дар Бағдод хостори ҳамкории бештари иқтисодӣ бо Арабистони саудӣ аз ҷумла сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа барои таъмини барқи Ироқ шуд. 

Ӯ гуфт, умедвор аст, ки барқи Ироқ чӣ аз тариқ шабакаи Арабистони саудӣ ва чӣ аз тариқи шабакаи Халиҷи Форс таъмин шавад. Вазири хориҷаи Арабистон низ бо ишора ба “тавсеъаи иқтисодии мусбат” дар Ироқ гуфт, ки ин амр фурсатҳоеро барои ҳамкории байни бахши хусусии ду кишвар эҷод кардааст. 

Бағдод дар ҳоли ҳозир барои барқу гази худ ба шиддат ба Эрон вобастааст ва ба думболи васеъ кардани манобеъи дарёфти энержии худ аст. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Фоад Ҳусайн дар конфронси матбуотии муштарак бо ибни Фараҳон бо ишора ба вазъияти минтақа гуфт: “ин сафари муҳим дар замоне анҷом мешавад, ки мушаххаси он чолишҳои бузург аст. Бинобар ин зарурӣ аст, ки дар бораи ин чолишҳо, ки кулли минтақаро таҳти таъсир қарор медиҳад, гуфтугӯ кунем.”

Ӯ аз “ҳамкории комил” бо Арабистони саудӣ дар заминаи нафт, ба вижа дар ОПЕК истиқбол кард. 

Хабаргузории ИСНО дар гузорише дар ҳамин робит навишт, қарор аст вазирони хориҷаи Ироқ ва Арабистон “дар хусуси тақвияти равобити ду кишвар, таҳаввулоти минтақа ва азсаргирии гуфтугӯҳои мутаваққиф шуда миёни Риёзу Теҳрон ройзанӣ” кунанд. Аммо дар конфронси матбуотӣ ба азсаргирии музокирот байни Арабистон ва Эрон, ки қаблан бо миёнҷигарии Ироқ анҷом мегирифт, ҳеҷ ишорае нашуд. 

Пас аз он ки равобити дипломатики Риёзу Теҳрон дар соли 2016 мутаваққиф шуд, Бағдод нақши миёнҷӣ байни ин ду рақиби минтақаиро бар ӯҳда гирифт ва аз апрели 2021 мизбони нишастҳои ду тараф буд. Аммо аз апрели 2022 то кунун хабари музокира дар ин замина ба таври аланӣ эълом нашудааст. 

Коҳиши нуфузи Эрон дар иқтисоди Ироқ 

Нуфузи Ҷумҳурии Исломӣ дар саҳнаи сиёсии Ироқ дар солҳои ахир ба шакли қобили таваҷҷуҳе бо чолиш рӯ ба рӯ шудааст. Нақши Эрон дар иқтисоди Ироқ низ дигар монанди гузашта нест. Ироқ ҳамроҳ бо Чин ва Ҳинд бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ҳамкорӣ мекунад ва аз сӯи дигар бозори Ироқ низ ҳарчӣ бештар ба сӯи соири кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Туркия ва Арабистон мутамоил шудааст. 

Хабаргузории ИСНО дар гузорише дар декабри соли гузашта ба оморҳои тиҷории муштарак миёни Эрону Ироқ дар ҳафт моҳаи соли ҷорӣ ишора кард, ки нишон медиҳад содироти Эрон ба Ироқ дар ҳоле коҳиш ёфта, ки маҷмӯъи тиҷорати Ироқ дар ин соли ҷорӣ ба шакли ҷиддӣ афзоиш ёфтааст. 

Бар асоси ин гузориш, арзиши воридоти Ироқ дар соли ҷорӣ ба 105 миллиард доллар мерасад, ки рушди 43 дарсадиро нишон медиҳад. Аммо Эрон дар ҳафт моҳаи ибтидои соли 1401 (апрел-октябри соли 2022) ҳудудан чаҳор миллиард доллар коло ба Ироқ содир карда, ки “аз назари вазн уфти 42 дарсадӣ ва аз назари арзиши коҳиши 27 дарсадӣ доштааст.” 

Гузориши ИСНО меофзояд, мизони воридоти Эрон аз Ироқ низ аз назари арзишӣ коҳиши 82 дарсадиро нишон медиҳад. Ин хабаргузории нимарасмии Ҷумҳурии Исломӣ навиштааст: “Амороти муттаҳидаи арабӣ, Туркия, Чин ва Эрон аслитарин содиркунандагони коло ба Ироқ ба шумор мераванд аммо дар солҳои гузашта амалкарди се кишвари аввал аз Эрон қавитар будааст.” 

Пулшуь ба нафъи Эрон дар Ироқ ва пайомадҳои он

Коҳиши муносиботи тиҷории Эрон ва Ироқ дар ҳоле аст, ки Амрико бар мизони фишори худ барои ҷилавгирӣ аз истифодаи Ҷумҳурии Исломӣ аз Ироқ ба унвони бозори хилвате барои пулшуии шиддат бахшидааст. 

Иёлоти муттаҳида дастрасии Ироқ ба долларҳои худро барои аз байн бурдани он чи бархе аз мақомоти ироқӣ низ ба унвони “»пулшуии бесарунӯг ба нафъи Эрон ва Сурия” тавсиф мекунанд, маҳдуд кардааст. Иқдоме, ки ба навбати худ ба коҳиши арзиши пули Ироқ мунҷар шуда ва ин кишварро бо буҳрон ва норизояти рӯ ба рӯ кардааст. 

Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс ин сиёсат боис шуд, ки як доллар муодили 1750 динори Ироқ муомила шавад, ки баёнгари коҳиши 10 дарсадии арзиши пули Ироқ аст. Нархи расмӣ, 1460 динор дар баробар ҳар доллар аст. Ин вазъ мунҷар ба баста шудани саррофиҳо дар рӯзи панҷшанбе дар Бағдод шуд. Давлати иқлими Курдистон низ аз мубодилаи арз дар саррофиҳо дар Сулаймония ҷилавгирӣ кард. 

Дар ҳамин робита Муҳаммад Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ эълом кард, ки ҳайате аз ҷумъаи оянда барои музокира бо мақомҳои амрикоӣ ба ин кишвар сафар хоҳанд кард. Коҳиши арзиши пули Ироқ пештар низ боиси эътироз ва хашми мардум шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин амр метавонад давлатеро, ки пас аз бунбасти сиёсии як сола ташкил шудааст, ба чолиш бикашад. 

Коҳиши арзиши динор дар ҳоле рух дода, ки захоири арзии ин кишвар ба болотарин ҳадди худ яъне ҳудуди 100 миллиард доллар расидааст. Ассошиэйтед Пресс навиштааст, ки “дастрасӣ ба ин пул достони мутафовите аст.” Аз замони ҳамлаи Иёлоти муттаҳида ба Ироқ дар соли 2003 арзи хориҷии Ироқ ва тамоми пули ҳосил аз фурӯши нафти Ироқ дар Бонки Марказии Амрико (федерал резерв) нигаҳдорӣ мешавад ва ба амрикоиҳо имкони контроли қобили таваҷҷуҳе бар манобеъи молии ин кишвар медиҳад. 

Бонки Марказии Ироқ барои дастрасӣ ба ин пул аз Федерали резерв дархости доллар мекунад ва сипас онҳоро аз тариқи механизме ба номе “ҳарҷи доллар” ба бонкҳои тиҷорӣ ва саррофиҳо мефурӯшад. Ба навишта Ассошэйтед Пресс дар гузашта фурӯши рӯзонаи доллар аз ин тариқи ағлаби беш аз дусад миллион доллар будааст. 

Долларҳое, ки роҳии Сурия ва Эрон шудаанд 

Ассошиэйтед Пресс дар идомаи гузориши худ ба нақл аз мақомҳои бонкӣ ва сиёсии Ироқ навиштааст, ки “зоҳиран умдаи долларҳои фурӯхташуда барои хариди колоҳои воридотӣ аз сӯи ширкатҳои ироқӣ аст” аммо ин систем ба роҳати қобили суъистифода аст. Мақомоти амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ба ин систем машкук ҳастанд ва ин равиш метавонад барои пулшуии мавриди истифода қарор бигирад. 

Дар гузориши хабаргузории амрикоӣ ба нақл аз як мушовири молии нахуствазири Ироқ, ки номаш фош нашуда, омадааст, ки барои солҳо, миқдори зиёди доллар ба хориҷ аз Ироқ, аз ҷумла ба Туркия, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Урдун ва Лубнон мунтақил шудааст. Ин кор аз роҳи “тиҷорти бозори хокистарӣ бо истифода аз фактурҳои ҷаълӣ барои молҳои гаронқимат” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ аз фактурҳои ҷаълӣ барои пулшуӣ ва фиристодани долларҳо ба Эрон ва Сурия истифода шудааст. 

Тамкин Абид Сарҳан, раиси ҳайати мудири бонки Мосул ва муовини аввали иттиҳодияи бонкҳои хусуси Ироқ баровард кардааст, ки 80 дарсад аз долларҳои фурӯхташуда аз тариқи “ҳароҷи доллар” ба кишварҳои ҳамсоя мунтақил шудааст. Ў гуфта, ки дар мавридҳои зиёде ин пул аз тариқи масири заминӣ ва бо ҳифозати гурӯҳҳои мусаллаҳ қочоқ мешавад, ки бахше аз онро барои худ бармедоранд. 

Ба гуфтаи ӯ Сурия, Туркия ва Эрон аз ин роҳи дастрасӣ ба доллар суди бисёре мебаранд. Ассошиэйтед Пресс ҳамчунин ба нақл аз яке аз аъзои гурӯҳҳои шибҳинизомии мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ, ки нахоста номаш фош шавад навиштааст, аксарияти бонкҳои ироқӣ ба таври ғайри мустақим тавассути сиёсатмадорон ва аҳзоби сиёсӣ идора мешаванд, ки системи «ҳироҷи доллар” ба нафъи онҳост. 

Авохири соли гузашта, Федерал резерв шурӯъ ба гирифтани тадбирҳои сахти гаронтаре алайҳи пулшуӣ дар Ироқ кард. Аз ҷумла ин иқдомот истифода аз як системи электироникӣ барои нақлу интиқолоти мавриди ниёз ва ворид кардани иттилооти дақиқ дар мавриди гирандаи ниҳоии долларҳои дархост шуда буд. Бо ба кор гирифтани ин систем бояд тамоми нақлу интиқолҳо тавассути Бонки Марказӣ контрол мешуд. 80 дарсад дархостҳо рад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular