Дар байни гурӯҳи ихтисосҳо кластери 5 (тиб, биология ва варзиш) соли 2022 аз серинтихобтарин самт миёни довталабон гардид. Дар ин хусус раҳбари Маркази миллии тестии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ӯ изҳор дошт, ки байни 5 самте, ки аз ҷониби Марказ ба довталабон пешниҳод карда шуданд, кластери 5 серинтихобтарин шуморида шуда, нақшаи иҷрои он ба 121% баробар гардид. Тибқи ин нишондиҳанда, соли сипаригардида дар ҷои дувум гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) бо 100%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дошт.
Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2022-юм шумораи камтарини довталабони номнависшуда чун дар ИМД-и солҳои пеш ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 49,69% -и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст.
Ба гуфтаи Сабзалӣ Ҷаъфарзода, «холи миёнаи довталабон аз фанҳои дақиқ чандон баланд нест. Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли дуюм аст, ки аз ҷониби Марказ беҳтарин довталабон, ки аз фанҳои мазкур холҳои бештар ба даст меоранд, қадрдонӣ карда мешаванд».
Раҳбари Маркази миллии тестӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҷониби Марказ нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки доимамалкунанда ва сайёр мебошанд, зиёд карда шуда, шумораи 34 нуқтае, ки дар ноҳияҳо мавҷуданд, ба 44 адад расонида мешаванд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ноҳияҳои Ёвон ва Исфара марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

