Ду корхонаи бузурги саноатии вилояти Суғд дар байни кишварҳои ИДМ беҳтарин корхонаи истеҳсолӣ дониста шуданд.
Дар ин бора дар нишасти хабарии ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 сардори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдо дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби озмун барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ Корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва ҶСК «Ковры Кайроккума» дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беҳтарин истеҳсолкунандагони молҳои истеъмолӣ эътироф гардиданд. .
«Боиси хушнудист, ки истеҳсолкунандагони ватании мо дар байни истеҳсолкунандагони асосии молҳои истеъмолӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беҳтарин эътироф шудаанд. Умедворем, ки дар оянда дигар ширкатҳои мо низ метавонанд ба чунин қуллаҳо бирасанд», — гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки ҶДММ КМ «Ҷавонӣ» аз рӯи номинатсия «Истехсоли молҳои истеъмолӣ бо шумораи коргарон аз 250 то 1500 нафар» ғолиб дониста шуд.
ЧШС Коври Кайроккум аз руи номинацияи «Истехсоли молхои сермасриф, ки то 250 нафар коргар дорад» сазовори диплом гардид.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

