Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар бораи 17 нафар сарбозону афсароне, ки дар муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон кушта шуданд, филми мустанад таҳия кардааст. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари “Тоҷикфилм” имрӯз, 9 феврал, дар нишасти матбуотиаш хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ филми мустанад омода аст ва рӯзҳои наздик тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш хоҳад шуд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон чандин маҳалу мактабҳоро ба номи сарбозони ҷонбохта гузошта буданд.
Парлумони кишвар ҳам соли гузашта Қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро қабул кард, ки ҳадафи он гиромидошти хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда мебошад.
Гуфтанист, дар муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки 17-18-уми сентябри соли 2022 рух дод, наздики 100 нафар сарбозону афсарон ва сокинони маҳаллӣ ҷон бохтанд. Дарҳамин ҳол, мақомот Тоҷикистон танҳо кушта шудани 59 нафарро эътироф мекунанд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ хабар додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

