Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз лофи 1 млн сайёҳ. Ва 100 ҳоҷатхонае, ки “иншооти инфрасохторӣ” номиданд

Боз лофи 1 млн сайёҳ. Ва 100 ҳоҷатхонае, ки “иншооти инфрасохторӣ” номиданд

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзода дар нишасти матбуотиаш иддао кард соли гузашта 999,3 ҳазор нафар  сайёҳони хориҷӣ ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд. Ба гуфтаи ӯ  ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳазор нафар зиёд мебошад. 

Қаблан лофи 1 миллион сайёҳро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам зада буд, аммо Паём нишон дод, ки ӯ дурӯғ гуфтааст ва Тоҷикистон имкони пазируфтани ҳатто 200 ҳазор сайёҳро надорад. 

Дар ҳамин ҳол, лофи Эмомалӣ Раҳмону дурӯғи ӯро идома додани раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ чандон бепоя ҳам нест. Воқеъан ба Тоҷикистон ҳудуди як миллион хориҷӣ ворид шудаанд.

Наздики ҳамин адад хориҷиҳо соли соли 2019 ҳам ба Тоҷикистон омада буданд. Мақомот аввал мисли имсола ҳамаи онҳоро дар рӯйхати сайёҳони хориҷӣ ворид карданд, аммо дертар маълум шуд аз 960 ҳазор шаҳрванди хориҷие, ки он сол ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ки ҳамагӣ 3,4 дарсади онро сайёҳон . Соли 2019 соли рушди сайёҳӣ эълон шуда буд ва он сол аз Тоҷикистон ҳамагӣ 33,3 ҳазор сайёҳ дидан кардааст. Бояд гуфт, 33 ҳазор сайёҳ дар як сол барои як кишвар рақами хеле поён аст. Барои мисол танҳо ба Анталияи Туркия дар як рӯз ҳудуди 70 ҳазор сайёҳ ворид мешавад. 

Нишондиҳандаи наздик ба 1 миллион хориҷии ба Тоҷикистон омада ҳам он сол асосан бастагӣ ба лағви виза ба Ӯзбекистон дошт. Дар соли 2019 бештар аз ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишвари мо омада буданд — 600,1 ҳазор нафар ё 63,4% аз ҳаҷми умумии меҳмонони хориҷӣ. 

Дар зинаи дуюм русиягиҳо қарор доштанд, шумори шаҳрвандони ба Тоҷикистон воридшудаи ин кишвар 166,3 ҳазор нафарро ташкил медод. Аммо Паём маълум кард, аксари ин “сайёҳони рус” тоҷиконе будаанд, ки шиносномаи русӣ доранд.

Баъд, соли 2020 Ковид-19 ба майдон омад ва масъалаи сайёҳи на танҳо дар Тоҷикистон, балки кулли дунё тақрибан ба фаромӯшӣ рафт.

Ҳоло дубора масъулини кишвар аз мавҷи якмиллионии сайёҳон лоф мезананд. Дар ҳамин ҳол, тибқи додаҳои омор боз ҳам беш аз 650 ҳазор нафари онҳо аз Узбекистон ворид шудаанд ва ҳудуди 250 ҳазор аз Русия. Боқимонда ҳам аз кишварҳои ҳамҷавор, мисли Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Чин ва ғайра. Барои мисол шумори чиниҳо ҳудуди 8 000 нафар аст ва аксари онҳо коргароне ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд. 

Аммо чаро аз Узбекистон ин қадар зиёд ворид шуданд ва чӣ миқдор аз онҳо сайёҳон буданд. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём аз гумрук, баробари кушода шудани сраҳадҳо байни ду кишвар дар соли 2019, на танҳо узбекситониҳо ба Тоҷикистон сарозер шуданд, балки раванди сафари баръакс ҳам хеле дар сатҳи боло буд. Аксари онҳо мегуфтанд, ки солҳост хешовандонашон дар он тарафи сарҳадро надидаанд ва барои диданашон мераванд. Қисмате аз ин “сайёҳони” узбекситонӣ тоҷирони хурде буданд, ки ба Тоҷикистон мол интиқол медоданд.

Шуйӯъ Ковид боз хешовандони ду тарафи сарҳад боқимондаро аз ҳам ҷудо кард ва бардошта шудани монеъаҳо дар соли 2022 дубора боиси равнақи “сайёҳӣ” шуд. Дар ҳамин ҳол ин “сайёҳӣ” танҳо дар Тоҷикистон “равнақ” ёфтааст, чун мақомоти Узбекистон садҳо ҳазор тоҷикистониеро, ки барои дидани хешовандонашон ё бурдану овардани мол ба ин кишвар мераванд, ба рӯйхати сайёҳон ворид намекунанд.

Вазъ бо “сайёҳон”-и рус ҳам ҳамонгуна аст, ки соли 2019 буд. Ба истиснои ҳудуди 30 ҳазор гурезагони рус, ки аз басиҷ дар баҳори соли гузашта фирор карданд, аксари кулл аз ин 250 ҳазор “сайёҳ”-и рус тоҷиконе буданд, ки шаҳрвандии он кишварро доранд ва бо шиносномаи русӣ вориди ватани асосӣ ва аҷдодиашон шуданд.  

Раиси Кумитаи рушди сайёҳ ҳамчунин гуфт, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон 4 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаҳои   мазкур ин «Рушди сайёҳӣ» аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 10 миллион доллари ИМА,  «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 15 миллиону 750 ҳазордоллари ИМА,  «Баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва саноати бофандагӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ» аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба маблағи 2 миллиону 750 ҳазор доллари ИМА ва ду лоиҳаи хурд аз ҷониби Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 111 ҳазор Евро мебошанд.

Мутаассифона ин сармояҳо мисли ҳамеша саросар ғорат карда мешаванд, ки як намунаашро дар поён хоҳем овард.

Дар нишаст  иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон  242 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла  дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат  фаъолият мекунанд.

Гуфтанист, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша оҷонсҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоиро, ки шуморашон аз ширкатҳои воқеъии сайёҳӣ бамаротиб бештар аст, ба ин гурӯҳи ширкатҳо ворид мекунанд. Яъне аз “242 ширкати сайёҳӣ”, ки мақомот лофашро мезананд, имкон дорад беш аз 150-тои он оҷонсҳои фурӯши билет бошанд. 

«Соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли охир 600 адад иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудан», — гуфта шуд дар нишаст.

Инҷо ҳам танҳо рақамбозӣ шудааст ва бо 100 адад дар соли гузаштаву 600 адад дар 5 сол барои аз 30 ҳазор дар соли 2017 то 1 миллион дар соли 2022, ки мақомот лофашро мезананд, комилан ғайримикон аст. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълқмоти дастраскардаи Паём, аз ин 100 адад “иншооти инфрасохторӣ” аксарашро ҳоҷатхонаҳое ташкил медиҳанд, ки баъди шикояти зиёди сайёҳони бе ин ҳам камшумор дар манотиқи сайёҳӣ сохта шудаанд.   Гуфтанист барои бунёди ҳар ҳоҷатхона, ки бархе 1 метри квадратианд, аз 3 то 12 ҳазор доллар(!) масраф шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular