Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмрико ба КДАМ Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ дод

Амрико ба КДАМ Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ дод

ИМА ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои таҳкими зерсохтори ниҳодҳои интизомии ин кишвар дар марз бо Афғонистон таҷҳизоти низомӣ тақдим кард. Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо такя ба дафтари матбуоти Оҷонсии амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки «Кӯмаки техникӣ дар чаҳорчӯби тарҳи «Амнияти марзи сабз», ки ҳадафи он таҳкими зерсохтори ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон аст, ироа шудааст».

Гуфта мешавад, ки Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ аз номи Вазорати энергетикаи ИМА лавозимоти низомиро барои истифода ба КДАМ супурд.

Оҷонсӣ мегӯяд, ин таҷҳизот барои иҷрои нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон дар бораи қатъномаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом зарур аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular