Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаҷоти духтараки 2 сола пас аз 88 ва модару писар пас аз...

Наҷоти духтараки 2 сола пас аз 88 ва модару писар пас аз 101 соати зилзила

Др устони Ҳитойи Туркия як духтараки 2 сола пас аз 88 соат аз зер вайронаҳо наҷот ёфт. 

Нерӯҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти марказ муқобила бо ҳаводиси фавқулъодаи Туркия ОФОД, як духтааки 2 соларо 88 соат пас аз вуқӯъи зилзила дар шаҳристони Антакиёи устони Ҳитой наҷот доданд. 

Ин кӯдаки хурдсол пас аз муоина тавассути тимҳои пизишкии ҳозир, ба бемористон интиқол ёфт. 

Ҳамчунин  нируҳои имдод ва наҷоти Туркия дар устони Диярбакир модареро ба ҳамроҳи писараш пас аз 101 соат аз вуқӯъи зилзила аз зер вайронаҳои бинои фурӯрехта наҷот доданд.

Ҳамакнун 113 ҳазору 318 нирӯи имдод ва наҷот дар манотиқи зилзилазада дар ҷануби шарқи Туркия дар ҳол фаъолият ҳастанд. То кунун беш аз 8 ҳазор зилзилазада аз зери вайронаҳо наҷот ёфтаанд. Талошҳо барои наҷоти касоне, ки зер вайронаҳо мондаанд ҳамчунон идома дорад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular