Saturday, February 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни зилзилаи Туркия ва Сурия ба 36,5 ҳазор нафар расид

Шумори қурбониёни зилзилаи Туркия ва Сурия ба 36,5 ҳазор нафар расид

Мақомоти қазоии Туркия беш аз 130 нафарро ба иттиҳоми истифодаи равишҳои ғайриқонунӣ ва хатарнок дар сохтмон таҳти бозҷӯӣ қарор дод. Ин дар ҳолест, ки бо талоши мустамари имдодгарон, имрӯз ҳам афроди бештаре аз ҷумла як зани бордор ва ду кӯдак аз зери вайронаҳо  зинда берун оварда шуданд. 

Бар асоси охирин омори ба даст омада аз теъдоди ҷонбохтагони заминларзаҳои рӯз душанбе дар ҷанубу шарқи Туркия ва шимоли Сурия, теъдоди 36 ҳазору 487 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки аз ин теъдод, 31 ҳазору 643 нафар дар Туркия ва 4844 нафар дар Сурия будаанд. Ин омор ҳамчунон бо ёфтани аҷсоди бештар тавассути гурӯҳҳои ҷустуҷӯ қатъан афзоиш хоҳад ёфт. Мақомот эълом кардаанд, ки наздик ба 93 ҳазор нафар низ дар ин фоҷиа захмӣ шудаанд. 

Таъқиб густурдаи пудратчиёни хилофкор

Ҳамзамон бо афзоиши мизони норизоятиҳо аз имдодрасонии оҳиста, акнун таваҷҷуҳот ба ин самт рафта, ки чӣ касоне муқассири аслии ин ҳаҷми густурда аз талафот ҳастанд. Агарчи Туркия муқаррароти сохтусози мутобиқ бо стандартҳои феълии муҳандисии зилзиларо дорад, аммо ин муқаррарот расман ба нудрат риоят шудааст. 

Ба гузориши хабаргузории давлатии Туркия, Бакир Боздағ вазири додгустарии Туркия рӯзи якшанбе гуфт, ки 134 нафар ба далели масъулият дар сохти сохтмонҳои ноамн дар баробари зилзила, таҳти бозҷӯӣ қарор доранд. Вай гуфт: “аз ин теъдод се нафар дастгир шуданд ва мунтазири ташкили додгоҳ ҳастанд, ҳафт нафари боздошт муваққат ва ҳафт нафари дигар  хурӯҷ аз кишвар манъ шуданд.” 

Додситонҳои Туркия низ вориди амал шуда ва шурӯъ ба намунабардорӣ аз масолеҳи мавриди истифода дар сохти сохтимонҳои вайроншуда кардаанд. Мардуми зилзилазада ва коршиносони умур мӯътақиданд, ки сохтусоз ғайристандарт дар саросари Туркия омили ҳаҷми густурда ин вайрониҳо будааст. 

Мақомот фурудгоҳи Истамбул рӯзи якшанбе ду пудратчиро, ки муттаҳам ба вайронии чандин сохтмон дар Адяман ҳастанд боздошт карданд. Ин ду нафар қасд доштанд ба Гурҷистон бираванд. Яке аз пудратчиёни дастгиршуда якшанбе ба хабарнигорон гуфт: “виҷдони ман роҳат аст. Ман 44 сохтмон сохтам. Фақат чаҳор адад аз онҳо тхариб шуд. Ман ҳама чизро тибқи қавонин анҷом додаам.” 

Рӯзи гузашта, вазорати додгустарии Туркия аз эҷоди “доираи таҳқиқи тахаллуфоти зилзила” хабар дода буд. Дафтарҳое, ки бо ҳадафи шиносоиипудратчиёни хилофкор ва дигар масъулини умури сохтусоз, ба думболи ҷамъоварии шавоҳид ва мадорик ва баррасии судури муҷаввизҳои сохтмони ғайриқонунӣ хоҳанд буд. 

Дар як мавриди дигар, як пудратчии сохтмоне, ки рӯзи ҷумъа дар фурудгоҳи Истамбул қасди хурӯҷ аз кишварро дошт тавассути мақомоти Туркия боздошт шуд. Ин пудратчӣ дар шаҳри таърихии Антакия дар устони Ҳитой, як сохтмони 12 табақаи муҷаллал ба номии “Бурҷи Ренессанс (Ronesans Rezidans)” сохта буд. Акнун ин бурҷ 249 воҳидӣ ба тале аз вайрона табдил шуда ва баровард шуда ҳанӯз бисёре аз 1000 нафар сокинони он дар зери вайронаҳо ҳастанд. 

Бо эъломи хабари ин боздоштҳо гумон меравад хашми умумӣ ба самти созандагону пудратчиён ҳидоят шавад ва таваҷҷуҳот аз хилофкории эҳтимолии мақомоти маҳаллӣ ва кишварӣ дар судури муҷаввизи сохтусозҳои ғайристандарт дур гардад. Давлати Раҷаб Таййиб Урдуғон раисҷумҳури Туркия, ки дар ҳоли ҳозир таҳти фишори рукуди иқтисодӣ ва таварруми боло қарор дорад, бояд барои интихоботи парлумонӣ ва риёсатҷумҳури дар моҳи май  худро омода кунад. 

Бозмондагони заминларза, ки бисёре аз азизони худро аз даст додаанд, танҳо аз пудратчиён ғазабнок нестанд чаро, ки илова бар манозили тахрибшуда, ҷодаҳо ва фурудгоҳҳо низ осеб дидаанд ва ҳамин амр сабаб шуд то имдодрсонӣ дар соати аввалия пас аз вуқӯъи ин балои табиӣ бо мушкилоти рӯ ба рӯ гардад. Вазорати ҳамлу нақли Туркия эълом кард фурудгоҳи Ҳитой, ки дар асари зилзила осеб дида буд, дар ниҳоят рӯзи якшанбе бозкушоӣ шуд. 

Наҷотёфтагон дар 175 соат: ҳамеша умеде ҳаст! 

Барои ҷустуҷӯи афроди боқимонда дар зери анбӯҳи бетон ва филиз бояд аз дурбинҳои ҳароратӣ истифода шавад, дар ҳоле, ки имдодгарон аз афроди ҳозир дар саҳна мехоҳанд то сукутро риоят кунанд то балки садое аз афроди гирифтор шуда дар зери овор шунида шавад. 

Телевизиони давлатии ТРТ-и Туркия эълом кард, ки як зани бордор рӯзи якшанбе баъд аз 157 соат зери овор мондан дар устони Хитой наҷот ёфт. 

Як шабакаи телевизионии дигар низ ба таври зинда наҷоти як писарбачаи 6 сола аз зери овори хонааш дар Адяман пӯшиш дод. Фахруддин Куҷа вазири беҳдошти Туркия, видеои аз духтари ҷавоне бо либоси обӣ мунташир кард, ки баъд аз 150 соат пас аз вуқӯъи зилзила тавассути гурӯҳи имдодӣ наҷот ёфт. Вай дар твиттери худ навишт “хабари хуб дар 150 соат. Ҳамеша умеде ҳаст! “. 

Имдодрасонон ҳамчунин муваффақ шуданд як ҷавони бистусесола дар Антакия, як зани 88 сола дар шаҳри “Қарихон”-ро наҷот диҳанд. Ба гузориши хабаргузории давлатии Анатолу, як кӯдак низ дар шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Низип дар Ғозионтеп наҷот ёфт. Як зани 32 сола низ аз зери вайронаҳои як сохтмони ҳашттабақа дар шаҳри Антакия баъди 175 соати зилзила наҷот ёфт. 

Вазъияти таассуфовар дар Сурия 

Мартин Грифитс муовини дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури башардӯстона, рӯзи якшанбе дар боздид аз марзи Туркия ва Сурия дар баёнияе гуфт, ки суриҳо “ба кумакҳои байналмилалӣ ниёз доранд”. Аввалин корвони кумакҳои Созмони милал се рӯз пас аз зилзила аз масири Туркия вориди шимолу ғарби Сурия шуд. 

Пеш аз он, танҳо корвоне, ки аз гузаргоҳи Боб-ул-Ҳаво дар марзи Туркия ва Сурия убур карда буд, марбут ба бозгардондани аҷсоди қурбониёни зилзила аз Туркия ба Сурия буд. Бахше аз ҷонбохтагони заминларза дар Туркия, оворагони сурӣ ҳастанд, ки аз ҷанги дохилӣ дар кишварашон гурехта ва дар Туркия сокин шуда буданд ва ҳам акнун аҷсоди онҳо барои дафн ба Сурия бозгардонда мешаванд. 

Теъдоди таъйидшудаи қурбониён дар Сурия 4844 нафар аст. Аз ин теъдод 3360 нафар дар манотиқи таҳти контроли мухолифон дар шимолу ғарбии Сурия ва 1484 нафар низ дар манотиқи таҳти контроли давлати Башшар Асад ҳастанд

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular