Интишори видеоӣ аз эъдоми саҳроии як “сарбози фирорӣ” тавассути шибҳинизомиёни “гурӯҳи Вагнер” дар ҷараёни ҷанги Укроин вокунишҳои фаровонеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст.
Дар ин навор, ки бо унвони “видеое аз муҳокима барои хиёнат” мунташир шуда, марде ба номи Дмитрий Якошнико дида мешавад дар ҳоле, ки сараш бо скотч ба блоки рӯйи девор часпонда шудааст. Дар пушти сар вай низ марде, ки сурати худро пӯшонда путке дар даст ҳузур дорад.
Марди асир рӯ ба дурбин номи худро мехонад ва бо баёни ин ки мутаваллиди 1978 аст мегӯяд вайро аз хиёбоне дар шаҳри Днепрои Укроин рабудаанд. Садои ӯ дар видео ба гӯш мерасад, ки мегӯяд: “ман дар ҳоли барномарезӣ будам, ки роҳе пайдо кунам то ҳамон тавр, ки онҳо мегӯянд фақат фирор кунам. Ба ин хотир, ки ин ҷанги ман набуд.”
Сипас фарде, ки пушти сари ӯ қарор дорад путкро боло бурда мечархонад ва (дар ҳоле, ки аз ин ҷо видео торик мешавад) як зарба ба ноҳияи сари қурбонӣ зада ва вай бо садои баланде аз ақиб рӯй замин меафтад. Зарбазан сипас ду бори дигар бо путк рӯйи маконе, ки ба назар мерасад сари қурбонӣ қарор дорад мекӯбад.
Мақомоти гурӯҳи Вагнер дар бораи ин ки оё фарди зоҳир шуда дар филм кушта шудааст ё на сукут кардаанд.
Ин видео барои аввалин бор тавассути як каналтелеграме вобаста ба гурӯҳи Вагнер ба номи “Грайзона” (Gray Zone) мунташир шудааст. Ин канал эъдоми Якошникоро ҳамчун эъдоми Евгений Новжин хонд, ки дар моҳи ноябри гузашта ба иттиҳоми мушобеҳи “фирор аз сафи ҷабҳа” бо путк эъдом шуд.
Евгений Пригожин, бунёнгузори гурӯҳи Вагнер, дар посух ба дархости таъйиди мӯҳтавоии видео дар изҳороти мубҳам дар каналтелеграми худ гуфт: “ҳама чизро ин қадар сахт нагиред. Бачаҳо хушгузаронӣ мекунанд… Агар моил бошед метавонем қисмати баъдии драмаро ҳам бо шумо ба иштирок бигузорем.”
Пригожин ҳафтаи гузашта дар мусоҳибае нодир бо як блогнависи низомии русӣ гуфта буд, ки путк як “абзори хуб” ва як намод аст. Ў бо ин ҳол изофа карда буд, ки чизе дар мавриди истифода аз он барои муҷозоти хоинон намедонад.
Аз Евгений Пригожин, 60 сола, ба унвони яке аз олигархҳои рус ва наздик ба доираи қудрат дар Маскав ёд мешавад. Ў дар даҳаи аввали зимомдории Владимир Путин соҳиби ресторанҳое буд, ки раисҷумҳури Русия барои сарфи ғизо ба онҳо муроҷиа мекард ва ба ҳамин далел баъдҳо ба “ошпази Путин” маъруф шуд. Путин меҳмонони хориҷии худ аз ҷумла Ҷорҷ Буш писари раисҷумҳури пешини Амрикоро ба яке аз ресторанҳои Евгений Пригожин мебурд.
Иёлоти муттаҳида вайро ба далели ҳимояти молӣ аз шабакаҳое аз троллҳои интернетӣ ва дахолат дар интихоботи солҳои 2016 ва 2018 дар Иёлоти муттаҳида таҳрим кардааст. Иттиҳодияи Аврупо низ дар соли 2020 ӯро таҳрим карда буд.
Номи гурӯҳи Вагнер аввалин бор дар соли 2014 ва ҳамзамон бо ҷанг дар шарқи Укроин бар сари забонҳо афтод. Шибҳинизомиёни ин гурӯҳ дар он замон ҳамроҳ бо ҷудоииталабони шарқи Укроин бо нерӯҳои давлатӣ меҷнгдиданд. Доманаи нуфузи гурӯҳи Вагнер пас аз он ба тадриҷ ба Ховари Миёна ва кишварҳои африқоӣ густариш ёфт. Шибҳинизомиёни Вагнер дар Сурия ва Либия ҳузур доштанд ва Иттиҳодияи Аврупо бар ин бовар аст, ки ради пойи шибҳинизомиёни Вагнер дар Судон, Африқои марказӣ, Мали ва Мозамбик ҳам дида мешавад.
Гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер мегӯяд хориҷ аз фармондеҳии аслии низомии Русия дар Укроин фаъолият мекунад ва Евгений Пригожин ҳамвора ҳар гуна иртиботи Вагнер бо вазорати дифоъи Русияро рад кардааст. Дар муқобил Маскав низ ҳамвора иртибот байни давлати Русия ва гурӯҳи Вагнерро рад кардааст.
Таҳлилгарони низомӣ мегӯянд коркарди аслии гурӯҳи Вагнер барои Маскав фароҳам кардани заминаи дахолати низомӣ дар кишварҳои мухталиф аст, бидуни ин ки Кремл маҷбур ба пазириши масъулияти иқдомоти ин гурӯҳ бошад.
Пештар Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ин гурӯҳи шибҳинизомиро таҳрим карда буданд. Вашингтон аз гурӯҳи Вагнер ба унвони “бозуи наёбтии вазорати дифоъи Русия” ёд мекунад ва мегӯяд шибҳинизомиёни гурӯҳи Вагнер ба ҳамроҳи нерӯҳои вижаи Русия дар урдугоҳе дар ҷануб ин кишвар омӯзиш мебинанд. Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ гуфтааст гурӯҳи Вагнер “абзори Русия дар ҷанги ҳибридӣ” аст.
Ин дар ҳоле аст, ки Русия дар вокуниш ба таҳримҳо алайҳи гурӯҳи Вагнер гуфтааст кишварҳои ғарбӣ дар қиболи шибҳинизомиёни ин гурӯҳ дучори ҳаяҷон ва изтироби ғайри қобили контрол шудаанд.
Созмони милали муттаҳид пештар шибҳинизомиёни Вагнерро ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар Либия ва таҷовуз ба ғайринизомиён дар ҷумҳурии Африқои марказӣ муттаҳам карда буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

