Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз кушта шудани аъзои ДОИШ дар ҳамла бар махфигоҳи ин гурӯҳ дар ноҳияи нави Кобул хабар дод.
Тибқи иттилоъи Афғонистон Интернешнл, дар ин рӯйдод як узви ДОИШ даст ба интиҳорӣ зад ва як нафари дигари он дастгир шуд. Ҳамчунин, Толибон 5 зан ва 9 кӯдакро аз хонаи маҳалли даргирӣ берун кашиданд.
Сухангӯи Толибон дар твиттер навишт, ки амалиёт дар маҳал ҳамчунон ҷараён дорад.
Пештар, манобеъ аз вуқӯъи чандин инфиҷор ва тирандозӣ дар ин минтақаи Кобул хабар дода буданд.
Муҷоҳид гуфта, ки ДОИШ дар ҳамалоти ахир дар Кобул даст дошт ва шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳамроҳи ин гурӯҳ будаанд.
Сухангӯи Толибон гуфта, ки ба далели банд будани минтақа, амалиёт бо эҳтиёт пеш меравад. Роҳҳо дар ин минтақа баста шудаанд.
Тасовире аз маҳалли даргирӣ ва тирандозии пайиҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад.
Ҳанӯз иттилооти дақиқе аз ин даргирӣ мунташир нашудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

