Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲар рӯз дар Тоҷикистон як «террорист»боздошт мешавад

Ҳар рӯз дар Тоҷикистон як «террорист»боздошт мешавад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон иддао кард соли гузашта дар кишвар 365 узви ташкилотҳои террористӣ — экстремистӣ боздошт гардидаанд. Ин иддаои вазир дар нишасти матбуотиаш дар Душанбе садо дод ва ӯ дигарбора хостори таҳкими мубориза бо гароиши шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористию экстремистӣ шуд. 

Мақомоти Тоҷикистон бо вуҷуди ин ки дар кишвар ҳеҷ ҳамлаи террористие ба ҷуз ҳамла ба сайёҳон дар Данғара дар соли 2018 рух надодааст, ҳазорон нафарро бо ин иттиҳомот боздошт ва равонаи зиндон кардаанд. Дар ҳеҷ кишваре, ба ҷуз кишварҳое ҷангзада ва дар ҳоли ҷанг, шумори “террористон” бо Тоҷикистон баробар намешавад. Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон ба содир нашудани амалиёти террористӣ дар кишвар ҳам “далел” доранд: онҳо ҳар сол эълон мекунанд, ки аз даҳҳо кӯшиши анҷоми он пешгирӣ кардаанд. Имсол ҳам ба гуфтаи вазир аз 31 амали террористӣ пешгирӣ карда шуд. 

“Муваффақият”-ҳои мақомоти Тоҷикистон дар пешгирии ҳамлаҳои террористӣ аслан дар ҳеҷ ҷои дунё назир надорад. Тоҷикистон ягона кишварест, ки 100% ҳамлаҳои террористӣ пешбинӣ ва пешгирӣ карда мешаванд ва ҳеҷ кишваре, бо шумули Амрикову Исроилу Русия, ки созмонҳои ҷосусиашон муваффақанд, ба ин сатҳ намерасад. Дар шумори ин “пешгириҳо” ҳам Тоҷикистон дар ҷойи аввал дар ҷаҳон меистад. 

Коршиносон мегӯянд тамғаи “террорист” ва “экстремист” силоҳи дасти мақомот аст, ки ба мухолифон, фаъолони сиёсӣ ва ҳар озодандеше, ки камтарин эътироз ба сиёсатҳои ҳукумати Раҳмон кард, зада мешавад. Абдурашид Маликов (ном бо сабабҳои маълум иваз шудааст), равоншинос ва зиндонии сиёсӣ, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ 13 соли умрашро дар зиндон гузаронида, ҳоло дар Аврупо гуреза шудааст, мегӯяд 90 дарсади “террористон”-е, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон нишастаанд ҳатто аз дур ҳеҷ силоҳеро надидаанд, ба истиснои онҳое, ки дар артиш хидмат намудаанд.

“Муваффақият”-и дигари мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикисттон ин аст, ки онҳо аксари “террористон”-ро дар хориҷ аз кишвар дастгир намуда ба ватан бармегардонанд. Бештари ин “террористон” зиндони ватанро ба озодӣ дар хориҷ тарҷеҳ дода, ихтиёран ба Тоҷикистон бармегарданд. Вазири модомулумри дохила имсол ҳам эълон кард, ки “дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ 247 узви ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни ҷангиёни хориҷӣ ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд», — изҳор дошт Раҳимзода.

Дар асл, аксари кулли ин “ихтиёран” баргаштаҳо баъди таҳдиду сипас ваъдаи мақомот, ки дар сурати баргаштан парвандаашон баста мешавад, худро ба мақомот таслим кардаанд. Аҷибтар аз фиреби хӯрдаашон парвандаҳояшон аст, ки дар аксари ҳолатҳо танҳо барои кадом навиштае ё ҳатто гузоштани “лайк”-е дар саҳифаҳои иҷтимоӣ боз мешаванд. 

Ба гуфтаи вазир, бештари ҷавонон аз беназоратии волидайн ва истифодаи шабакаҳои ифротӣ ба сафи ташкилотҳои террористию экстремистӣ мегараванд.

Вай аз расонаҳою ходимони дин даъват намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самтро таҳким бахшанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular