Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБонки миллӣ сабаби болоравии нарх дар соли гузаштаро эълон кард

Бонки миллӣ сабаби болоравии нарх дар соли гузаштаро эълон кард

Яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон дар соли гузашта эълони таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия будааст.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҷаҳиши нархҳо дар ҷумҳурӣ асосан дар моҳҳои март — май ба қайд гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар давоми ин моҳҳои баҳори соли гузашта нархҳо дар Тоҷикистон беш аз 3% боло рафтанд.

Дар маҷмуъ дар давоми сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 5,2%, молҳои ғайрихӯрока 4% ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9% афзоиш ёфтаанд.

Зикр гардид, ки дар пайи ин сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба 4,2% баробар гардид, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли қаблӣ 3,8% кам мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳамчунин ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар барои дарёфти рӯзияшон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон аз омилҳои асосии таъмини эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular