Шумори қурбониёни тармафароӣ дар Бадахшон, ки субҳи дирӯз 15 феврал иттифоқ афтод, ба 15 нафар расидааст. Як ронанда дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ зери тарма монда ва кушта шудааст. Тибқи додаҳои мақомот, аз 15 нафари фавтидагон дар Бадахшон 13 нафарашон дар Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ҷони худро аз даст додаанд.
Радиои Озодӣ бо истинод ба Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода менависад корҳои наҷотдиҳӣ дар шаҳри Хоруғ ба анҷом расидааст.
Гуфтанист, субҳи рӯзи 15 феврал дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дар пайи фаромадани тарма даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф монданд.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, тибқи оморҳои ахир аз зери барф дар шаҳри Хоруғ 13 ҷасадро берун оварданд. Ба гуфтаи манбаъ, 12 нафар дар шаҳри Хоруғ аз зери барф берун оварда шуданд.
Умеда Юсуфӣ гуфтааст, феълан корҳои бартарафсозӣ дар шаҳри Хоруғ идома дошта, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҷойи ҳодиса аст. Ва иттилоъ дода, ки раиси Кумита ҳам дар роҳ ба сӯи ВМКБ аст.
Дар тармафароии рӯзи 15-уми феврал, ду сокини ноҳияи Ванҷ ҳам ҷони худро аз даст додааст. Масъулини идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ванҷ гуфтанд, Салмон Дилдоров, сокини 31-солаи деҳаи Садвадг 15-уми феврал зери баҳман монда, фавтид.
Ба гуфтаи манбаъ, шоми 15-уми феврал дар ноҳияи Ванҷ боз тарма фаромад ва ду нафарро, ки дар роҳ ба ҷаноза буданд, бо худ бурдааст. Масъулини идораи фавқулодаи Ванҷ гуфтанд, як нафари онҳоро зинда ёфта, дуввумӣ Маъруф Гулов, сокини деҳаи Фед фавтидааст.
Қурбонии дигари тармафароӣ як ронанда дар роҳи Душанбе-Чаноқ будааст. Ширкати IRS масъулини нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ронандагон маблағ мегирад, мегӯяд, ҳодиса баъд аз зуҳри 15-уми феврал дар километри 66 дар минтақаи Варзоб рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, фавтида як ронандаи мошини “Опел-Зефира” будааст, ки «ба таъкидҳои мутахассисон гӯш накарда, аз мошин фаромадааст».
«Ҳамаи мошинҳоро манъ карда, кормандони БДА таъкид карданд, ки аз мошин нафароед. Аммо ин ронанда бетафовутӣ карда аз мошин мефарояд ва тарма ӯро зери мошини боркаш мекунад»,-гуфтанд дар ширкати IRS.
Роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масири рафтуомад ба шимоли кишвар аз бегоҳи 15-уми феврал баста аст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Сангвор ҳам рӯзи 15-уми феврал тарма фаромадааст. Мақомот мегӯянд, як сокини ин ноҳияро аз зери он наҷот додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

