Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШавоҳиди ҷинояти ҷангӣ: Шаш ҳазор кӯдаки укроинӣ дар 43 урдугоҳи Русия

Шавоҳиди ҷинояти ҷангӣ: Шаш ҳазор кӯдаки укроинӣ дар 43 урдугоҳи Русия

Як пажӯҳиш мегӯяд, дасти кам шаш ҳазор кӯдак аз сини 4 моҳагӣ дар 43 урдугоҳи “таҷдиди тарбият”-и Русия дар асорат ҳастанд. Пажӯҳишгарон ин иқдоми Русияро далеле бар “ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият” медонанд. ЮНИСЕФ аз 438 кӯдаки қурбонӣ дар ҷанг хабар дод. 

Бар асоси пажӯҳиши донишгоҳи Йели (Yale University) Амрико, Русия ҳадди ақал шаш ҳазор кӯдаки укроиниро ба урдугоҳҳои “таҷдиди тарбият” фиристодааст ва бо ин кори худ ба эҳтимол муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст. 

Гузориши коршиносони бахши “таҳқиқоти башардӯстона”-и донишгоҳи Йел, ки рӯзи сешанбе 14 феврал, мунташир шуд, мегӯяд 43 урдугоҳи “таҷдиди тарбият” дар Русия ва шибҳиҷазираи Крими ишғолӣ, шиносоӣ шудаанд. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, бар асоси ин пажӯҳиш, ки аз сӯи вазорати хориҷаи Амрико таъмини молӣ шудааст, аз замони оғози ҷанги таҳоҷумии Русия алайҳи Укроин, кӯдакони аз сини чаҳор моҳагӣ тақрибан аз як соли пеш ба урдугоҳҳои Русия мунтақил шудаанд. 

Гуфта мешавад ҳадаф аз ин иқдом, аз ҷумла омӯзиши “меҳанпарастии русӣ” тавъам бо тарбияти низомӣ аст. Дар бархе маворид, кӯдакон омӯзиши аслиҳаи гарм дарёфт кардаанд. Аммо нишонаӣ далолаткунада бар эъзоми кӯдакон ба ҷабҳаҳои ҷанг дида намешавад. 

Натаниэл Рэймонд, муҳаққиқи донишгоҳи Йел дар ин робита мегӯяд иқдомоти Русия нақзи ошкор конвенсиюни чаҳоруми Женева дар мавриди ҳифозат аз ғайри низомиён дар замони ҷанг аст. Ў гуфт, дар бархе маворид шавоҳиде дар даст аст, ки метавонад “ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият” маҳсуб шаванд. Рэймонд иқдомоти Русияро ба одамрабоӣ ташбеҳ кард. 

Нависандагони ин пажӯҳиш хостори дастрасии нозирони мустақил ба урдугоҳҳо ва поёни раванди супоридани кӯдакони укроинӣ ба фарзандхондагӣ тавассути Русия ҳастанд. 

Ин пажӯҳиш аз ҷумла бар арзёбии тасовири моҳвораӣ такя мекунад. Бар ин асос, шумори воқеии кӯдакони укроинӣ, ки ба урдугоҳҳо мунтақил шудаанд бояд ба эҳтимоли “бисёр болотар” аз рақами ҳадди ақалии шаш ҳазор нафар буда бошад. 

Укроин чанде пеш эълом кард, ки беш аз 14 ҳазору 700 кӯдак аз ин кишвар ба Русия мунтақил шудаанд. Бархе аз ин қурбониён озори ҷинсӣ дидаанд. 

Русия муддаӣ аст, ки аз кӯдакони бесарпараст муроқибат мекунад ва мехоҳад ба ин кӯдакон муроқибатҳои пизишкӣ ироа диҳад. 

ЮНИСЕФ: садҳо кӯдак дар ҷанги Укроин ҷон бохтаанд 

Созмони ҳифозат аз кӯдакони Созмони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) рӯзи чаҳоршанбе 15 феврал эълом кард, садҳо кӯдак дар натиҷаи ҷанг дар Укроин ҷони худро аз даст додаанд ва миллионҳо нафари дигар дар марази хатар ҳастанд. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон, шӯъбаи олмонии ин Созмони ҷаҳонӣ дар Кулон эълом кард, ки дар фосилаи феврали 2022 ва январи 2023, дасти кам 438 кӯдак бар асари иқдомоти ҷангӣ кушта ва 842 кӯдак маҷрӯҳ шудаанд. Илова бар ин, муҳиммот ва минаҳои заминии мунфаҷирнашудаи пароканда, кӯдаконро дар маърази хатари бештаре қарор медиҳад. 

Бисёре аз хонаводаҳо низ ба далели тахриби зерсохтҳо аз замони таҳоҷуми Русия дар 24 феврали 2022 дар гирифтории шадид ҳастанд. 

Бар асоси гузориши ЮНИСЕФ, ҳудуди се миллиону 300 ҳазор кӯдак ва навҷавон дар Укроин ба кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ниёз доранд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди 16 миллион нафар дастрасии қобили итминон ба об ва сервиси беҳдоштӣ надоранд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular