Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаздики 70 тармафароӣ дар шабонарӯзи гузашта

Наздики 70 тармафароӣ дар шабонарӯзи гузашта

Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи тармафароӣ, аз ҷумла 44 ҳодиса дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, ки рӯзи 16 феврал дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ тарма фаромада, бар асари он ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои Душанбе — Дарвоз — Хоруғ, Рӯшон — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб имконнопазир гардид.

Гуфта мешавад, 16 феврал дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ 11 тарма ва дар қаламрави ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 ҳодисаи ттармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ субҳи имрӯз, 17 феврал роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд муваққатан баста шуд. 

Дафтари матбуотии ҳукумати ВМКБ дод, ки ба асари фаромадани тарма дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнони ВМКБ як сокини  16-солаи ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст.

Бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид. Шумори нафароне, ки ҷасадашон ёфт нашудааст, то ба ҳол маълум нест

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular