Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоДу муаммои ширкати «Барқи тоҷик»

Ду муаммои ширкати «Барқи тоҷик»

Хабарнигори чирадаст Азизи Нақибзод дар саҳифаи фейсбукиаш ду муаммои аҷиб ва мантиқиеро дар бораи ширкати “Барқи тоҷик” матраҳ кардааст.

  1. Барқ бо камтарин ҳазина тавлид мешавад, харидори нақд ҳам вуҷуд дорад. Роҳи пулро аз харидор гирифтан ҳам хеле осон аст. Бар асоси ақлу мантиқу илми иқтисод ин ширкат бояд аз пешрафтатарин ширкатҳо бошад. Аммо муаммо ҳаминҷост, ки баракси ҳамаи инҳо ин ширкат 13.7 миллиард сомонӣ қарздор аст. Чаро ширкати дорои чунин шароит бояд инқадар қарздор бошад?
  2. Дар фасли зимистон дар кишвар ҳамеша лимит ҷорӣ буд. Ҳама мегуфтанд то Роғун сохта шуда ба кор сар накунад режаи барқ аз байн намеравад. Аммо дар авҷи сармо якбора барқи гумшуда пайдо шуд ва режаи барқ дар кишвар аз байн рафт. Бидуни сохта шудани Роғун ин гумшудаи миллат аз куҷо пайдо шуд?

Сипас ин муамморо худи нақибзод чунин посух медиҳад:

Ҳануз аксар дар тааҷҷубанд, ки дар кишвари торику сард барқ «мисли «Тангем» яке аз куҷо пайдо шуд?»
Пеш аз истиқлол низоми энергетикӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя ягона буд. Тобистон Тоҷикистон ба Узбакистон барқ медод ва зимистон аз Узбакистон барқ мегирифт. Ва Заводи алюминий дар зимистон нисфи барқи эҳтиёҷдоштаашро аз Узбакистон дарёфт мекард. Ва замоне, ки Узбакистон низоми ягонаи энергетикиро аз миён бурд, барои Заводи алюминий мушкили норасоии барқ пеш омад. Ҳаминтавр барқе, ки аҳолӣ мегирифт ба Талко дода шуд. Ва мардум гирифтори зулмот шуданд.
Моҳи октябр дар неругоҳи Норак садама рух дод. Дар натиҷаи садама дегҳои зиёди алюмингудозии Талко корношоям шуданд. Барқ нолозим шуд. Ба бахти мардум барқро захира кардан, дар сейф гузоштан ё пинҳон намудан имконпазир нест. Ногузир барқ ба аҳолӣ дода шуд.

Аммо инҷо нуқтаҳои норавшани дигаре ҳам вуҷуд дорад. Аз ҷумла ба Ҳасан Асадуллозода тааллуқ доштани  “Талко” ва сардии робитаи ӯ бо ҷиянҳояш низ шояд бетаъсир набошад. Аз тарафи дигар барқи зиёдатиро фурухтан ба Афғонистон магар имкон надошт?

Ҳамчунин қарздор шудани барқи тоҷик ҳамоно беҷавоб боқӣ мемонад. Зеро ширкате, ки харҷи наонқадар калон вале муштариёни собит ва доимии худашро дорад набояд инқадар қарздор шавад. Агар ҳатто напардохтани қарзҳои Талко ва дигар корхонаҳои оиларо ба ин ширкат дар назар нагирем, ончики аз мардум ҷамъоварӣ мешавад бояд хароҷоти ин ширкатро пушонад. Аммо як чиз аниқ аст, ки ин пул ҳам ба будҷаи кишвар ворид намешавад. Агар ворид мешуд ин ширкат инқадар қарздор намешуд.

Аммо аҷибаш он аст, ки ҳатто Рустами Эмомалӣ ҳам дар замони кор карданаш дар Агентии зидди фасод якбор напурсид, ки ин қарз аз куҷо омадааст?

Магар зури Рустам ҳам ба ин ширкат намерасад? Ё инки косае зери нимкоса аст?

Баъзе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки қарздоркунии ширкати “Барқи тоҷик” қасдан сурат мегирад, то касоне баъдан бо пулҳои аз худи ширкат дуздидаашон қарзҳои онро пардохт намуда онро шахсӣ намоян.

Аммо таҳқиқоти бештар дар ин бора душвор аст ва мардуми оддӣ ҳам ҳаргиз ҷавоби ин муамморо нахоҳанд фаҳмид. Зеро ин ҳам сирри давлатист!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика