Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали сол $3,2 млрд.ро ташкил додааст

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввали сол $3,2 млрд.ро ташкил додааст

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ 3,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин рақам 28,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣро ташкил дод.

Барои адои қарзи хориҷӣ 254,6 миллион доллар ҷудо шуда, 72 миллион доллари ин маблағ ба фоизҳо равона шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 19 созишнома ба маблағи 664,9 миллион доллар ба имзо расид, ки 612,3 миллион доллари онҳоро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи созишномаҳои қарзӣ 25,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 3,9% маблағи умумии онро ташкил медиҳад. Саҳми ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин созишномаҳо 4,1 фоиз ё 26,9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular