Заршӯён дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз замоне, ки истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъол иҷозат дода шуд, ба маблағи ҳудуди 3 млн сомонӣ маҳсулот супоридаанд.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир иттилоъ дода, афзуд, ки заршӯӣ бо роҳи худфаъол барои ҳали мушкилоти локалию таъмини ҷойҳои корӣ мувофиқ аст.
Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли гузашта ба 262 нафар иҷозати мустақилона машғул шудан ба заршӯиро додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар ВМКБ — 74 нафар, дар Хатлон — 35 нафар, дар Суғд — 42 нафар ва дар Душанбе — 55 нафар иҷозати заршӯӣ бо роҳи худфаъолӣ гирифтаанд.
Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар маҷмуъ аз соли 2019 ба зиёда 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тилою канданиҳои фоиданок машғул шаванд.
Таъкид шуда буд, ки ҳамчунин дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тило ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тилои ёфтаашонро мехарад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

