Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидори Урдуғон дар Ҳитой бо наҷотдиҳандагони тоҷик

Дидори Урдуғон дар Ҳитой бо наҷотдиҳандагони тоҷик

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон дирӯз, 20 феврал дар ҷараёни боздид аз устони Ҳитойи ин кишвар бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон мулоқот кард.

Дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон “зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард”.

Тоҷикистон рӯзи 9 феврал, пас аз се рӯзи вуқӯъи заминларзаи мудҳиш дар Туркия 50 наҷотдиҳандаи касбиро ба ин кишвар фиристод. 

Имдодгарони тоҷик аввал дар устони Қаҳрамонмараш ба фаъолияти имдоду наҷот пардохтанд, сипас 18 феврал дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ ба шаҳри дигари Туркия — Ҳитой фиристода шуданд.

Дар давоми 10 рӯзи корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ имдодгарони тоҷик се нафар — тифли 6-моҳа ва падари ӯ, инчунин писарчаи 3-соларо аз зери харобаҳо зинда берун оварданд. Ҳамчунин онҳо ҷасадҳои 214 нафар ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо дарёфт ва берун гирифтанд.

Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин заминларза дар Туркия беш аз 41 ҳазор нафар ва дар Сурия ҳудуди 5,8 ҳазор нафар кушта шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular