Ба думболи нашри хабари таҳвили сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба Толибон, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки “дар вазъияти ҳуқуқии сафорат” тағйире наомадааст ва Эрон Толибонро ба расмият намешиносад.
Носир Канъонӣ гуфт, ки “танҳо сарпарастии умури сафорат ба дипломате дигар аз ҳамон сафорат” супорида шудааст.
Афғонистон Интернешнл бо истинод ба манобеъаш менависад, ки Эрон тасмим гирифтааст шанбеи оянда сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон таҳвил диҳад. Ба гуфтаи онҳо, Ҷумҳурии Исломӣ дар сафоратро баста ва ба кормандони дипломатик иҷозаи вуруд ба онҷоро надодааст.
15 дипломати афғон дар эътироз ба иқдоми Эрон дар ҳимоят аз Толибон, аз кор дар сафорати Афғонистон даст кашидаанд.
Бино бар изҳороти кӯтоҳе, ки хабаргузориҳои расмии Эрон аз сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон нақл карданд, “Носири Канъонӣ дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи тағйироти дохилии сафорати Афғонистон дар Теҳрон гуфт: поёни маъмурияти як дипломат ва супоридани сарпарастии умури сафорат ба дипломати дигар аз ҳамон маҷмӯаи сафорат ба маънои тағйир дар вазъияти ҳуқуқии он сафорат нест.”
Ӯ афзуд: “ҳеҷ тағйире дар мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чигунагии таомул бо ҳукумати сарпарасти Афғонистон ба вуҷуд наомадааст.”
Ба назар меояд, ки Ҷумҳурии Исломӣ бо Толибон дар мавриди идораи сафорат тавассути як дипломати толиб тавофуқ кардааст. Пеш аз ин, вазорати хориҷаи Толибон Муҳаммад Афзал Ҳаққонӣ, котиби аввалро ба унвони сарпарасти сафорати Афғонистон дар Теҳрон таъйин карда буд.
Бо ин ки Толибон аз сӯи ҳеҷ кишвари минтақа ба расмият шинохта нашудааст, аммо бархе кишварҳо аз ҷумла Чин ба дипломатҳои Толибон иҷоза додаанд, ки сарпарастии сафорати Афғонистон дар ин кишварҳоро ба ӯҳда гиранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

