Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБелорус ҳукми қатл барои «хоинон»-ро қонунӣ кард

Белорус ҳукми қатл барои «хоинон»-ро қонунӣ кард

Дар Белорус минбаъд мансабдороне, ки бо хиёнат ба ватан муҷрим дониста мешавад, ҷазояшон ҳукми қатл хоҳад буд.

Дар ин бора вакилони палатаи намояндагони маҷлиси Беларус лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо дар бораи ҷавобгарии ҷиноӣ»-ро дар хониши дуюм қабул карданд. 

Тибқи ин санад,  “мансабдороне, ки вазифаи давлатиро ишғол мекунанд ва шахсоне, ки таҳти мақоми хизматчии ҳарбӣ қарор доранд, бо ҷинояти “Хиёнат ба давлат” муҷрим дониста шаванд, нисбаташон ҳукми қатл содир мешавад.

Ҳамчунин, ҷарима тибқи моддаи хиёнат ба давлат 10 маротиба — аз 5000 то 50000 воҳиди асосӣ афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, барои «Вайрон кардани талабот оид ба ҳифзи сирри давлатӣ» ҷавобгари ҷиноятӣ сангин шудааст.

Инчунин, дар қонуни қабулшуда мӯҳлати ниҳоии иҷозатдодашудаи боздошт бо гумони хиёнат ба давлат, ғасби ҳокимият, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва як қатор ҷиноятҳои дигар то 10 рӯз ва ҳадди ниҳоии ҷавобгарии ҷиноятӣ ба онҳо то 20 рӯз зиёд карда шудааст. Ин қонун ҳанӯз бояд аз ҷониби палатаи болоии порлумони Беларус ба тасвиб расад ва аз ҷониби раисиҷумҳур имзо шавад. Лоиҳаи қонунро Шӯрои вазирони Беларус ба палатаи намояндагон пешниҳод кардааст. Дар хондани аввал вакилон онро 7 декабри соли 2022 қабул кардаанд.

Моҳи майи соли 2022 ба қонунгузории Беларус тағйирот ворид карда шуд, ки ҳукми қатлро на танҳо барои худи ҷиноят, балки барои омодагӣ ба он иҷозат медиҳад. Пас аз он иҷозат дода шуд, ки барои кӯшиши ҳамлаҳои террористӣ ба ҳукми қатл маҳкум карда шавад.

Беларус ягона кишваре дар Аврупост, ки ҳукми қатлро истифода мебарад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?