Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБародари раиси Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст

Бародари раиси Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст

Фирдавсхон Турахонов, роҳбари пешини Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ва бародари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, Фирдавсхон Турахонов ба азхудкунии беш аз 88 ҳазору 600 сомонӣ айбдор мешавад.

Ба гуфти сардори Агентӣ “тафтишоти пешакӣ муайян карда, ки Фирдавсхон Турахонов  давоми 1 соли роҳбарӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрӣ №1, шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои махсуси беморхона 36 содирномаи хазинавӣ, ба маблағи 156 ҳазору 962 сомониро ба ихтиёри худ гирифта, аз он 68 ҳазору 500 сомониро ба корҳои таъмирии гармхонаи беморхона хароҷот намуда, 88 ҳазору 642 сомониро тасарруф кардааст”,.

Гуфта мешавад,нисбати Фирдавсхон Турахонов барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори калон парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ исрол шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ нисбати Турахонов чӣ ҳукм содир кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Тӯрахонов аз вазифаи роҳбари Беморхонаи марказии шаҳрӣ озод гардида, сардори Маркази солимгардонии дилу шараёни шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular