Thursday, November 13, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҳдиди Путин, посухи Байден ва тавҷеҳи ВКХ Русия

Таҳдиди Путин, посухи Байден ва тавҷеҳи ВКХ Русия

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе пас аз суханони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мабнӣ бар боздоштани мушорикат дар паймони дуҷонибаи “Старти нав” (Оғози нав) барои халъи силоҳи ҳастаӣ, гуфт, ки Укроин як сол пас аз таҳоҷуми низомии Русия “бо иқтидор истодааст” ва Маскав қодир ба шикасти ҳамсояи худ нахоҳад буд. 

Байден дар сафари ҳуд ба Варшава, пойтахти Лаҳистон, ки дуруст як рӯз пас аз сафари бидуни эъломи қабли ӯ ба Киев анҷом шуд, гуфт: “наздики як сол пеш, ман ин ҷо дар Варшава дар кохи салтанатӣ суханронӣ кардам. Владимир Путин танҳо чанд ҳафта баъд ҳамлаи маргбори худ ба Укроинро оғоз кард ва ин гуна буд, ки бузургтарин ҷанги рӯйи замин дар таърихи Аврупо пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум рақам хӯрд ва аслҳое, ки барои беш аз 75 сол шаклдиҳандаи санги бинои сулҳ, рифоҳ ва субот дар ҷаҳон буданд, дар хатари дар ҳам шикастан қарор гирифтанд. Як сол пеш ҷаҳон фикр мекард, ки Киев суқут хоҳад кард. Аммо, хуб, ман ба тозагӣ аз он ҷо омадаам ва метавонам ҳол ва рӯзи пойтахти Укроинро гузориш кунам. Киев бо иқтидор, ғуруромез, сарбаланд ва аз ҳама муҳимтар озод истодааст.” 

Вай афзуд: “як соли пеш ҳама ҳукуматҳои демократики дар ҳоли гузар аз озмуне бо саволоти бисёр содда ва бунёдин буданд. Оё мо посухе барои ин саволҳо дорем ё дар ҷавоб додан нотавонем? Оё мо қавӣ хоҳем буд ё заъиф бар мо чира хоҳад шуд? Оё мо ва муттаҳидонамон иттиҳоди худро ҳифз хоҳем кард ё аз ҳам хоҳем гусаст? Як сол баъд ҷавобҳо равшан шудаанд. Мо посух додем. Қавӣ ва муттаҳид ва қотеъ хоҳем буд.” 

Ҷо Байден дар бораи самароти ҷанг барои Русия афзуд: “Владимир Путин фикр мекард метавонад Финландро аз НАТО дур нигаҳ дорад, дар сурате, ки бо Суид ва Финланд дар шарафи узвият дар НАТО мувоҷиҳ шуд. Ў фикр мекард, ки метавонад НАТО-ро дар ҳам шиканад ва иттиҳодашро аз байн бубарад. Аммо дар иваз НАТО аз ҳар замони дигаре муттаҳидтар ва якпорчатар аст.” 

Агарчи раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар суханонаш ба таълиқи мушорикати Русия дар паймони “Старти нав” ишорае накард, аммо бо таъкид бар ин, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз тариқи ҳамбастагӣ бо Киев ба думболи контрол ё нобудии Русия нестанд, гуфт: “Ғарб ба ҳеҷ ваҷҳ он тавре, ки Владимир Путин дар суханони имрӯзаш гуфт ба думболи ҳамла ба Русия набудааст. Ин ҷанг ҳаргиз зарурате надошт. Ин набард чизе ҷуз як трагедӣ нест ва Путин онро баргузид.” 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дирӯз дар суханрони солонаи худ эълом кард, ки Русия мушорикати худ дар “Паймон Старти нав” мабнӣ бар халъи таслиҳоти ҳастаиро бозмедорад. Ў дар тавзеҳи тасмими худ барои боздоштани тааҳҳудоти Русия дар паймони “Старти нав” гуфт: “Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО мехоҳанд ба мо як шикасти стратегиро таҳмил кунанд. Онҳо ҳамзамон талош мекунанд то ба таъсисоти ҳастаии мо даст ёбанд. Дар натиҷа, имрӯз бояд эълом кунам, ки Русия ҳамкории худ дар паймони силоҳҳои таҳоҷумии стратегиро ба ҳолати таълиқ дармеоварад.” 

Дар пайи ин эъломи Путин, Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, ин иқдоми ӯро “амиқан таасуфбор ва ғайримасъулона” донист ва хотирнишон кард, ки Амрико бо диққат фаъолиятҳои Русияро зери назар дорад. Вай ҳамчунин гуфт: “албатта, ки мо дар ҳар сурат аз амнияти худ ва муттаҳидонамон итминон ҳосил хоҳем кард. Аммо дар айни ҳол омодаем то дар мавриди маҳдуд кардани таслиҳоти стратегӣ дар ҳар замоне сарфи назар аз ҳар иттифоқе, ки дар равобити дуҷонибаамон ё дар дунё рух диҳад бо Русия музокира кунем. Фикр мекунам бояд ба амалкарди масъулонаи худ дар ин мавзӯъ идома диҳем. Бақияи кишварҳои дунё аз мо чунин интизорӣ доранд.” 

 Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО низ бо изҳори таасуф дар мавриди ин иқдоми Владимир Путин гуфт: “бо тасмими имрӯз дар бораи “Старти нав”, тамоми сохтори контролии таслиҳот аз байн рафт. Ман қавиан аз Русия мехоҳам, ки дар тасмими худ таҷдиди назар кунад ва ба тавофуқоти мавҷуд эҳтиром бигузорад.” 

Русия ба риояти паймони “Старти нав” идома медиҳад 

Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе ба рағми тасмими Владимир Путин мабнӣ бар боздоштани шарикии Русия дар паймони “Старти нав” эълом кард: “федератсияи Русия қасд дорад рӯйкарди масъулонаи худ дар қиболи ин паймонро то замони баитмомрасиаш ҳифз ва ба риояти дақиқи маҳдудиятҳои каме дар робита бо силоҳҳои таҳоҷумии стратегӣ бипардозад.” 

Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияи худ бо таъкид бар ин, ки “мондан дар вазъияти мавҷуд беш аз ин имконпазир нест” афзуд: “Ғарб ба раҳбарии Иёлоти муттаҳида дар талош барои осебрасонӣ ба кишвари мо дар ҳамаи сатҳҳо, ҳамаи заминаҳо ва дар ҳамаи манотиқи ҷаҳон аст.”  

Аз сӯи дигар Маскав бар ин бовар аст, ки зарродхонаҳои ҳар се қудрати ҳастаии НАТО яъне Амрико, Фаронса ва Бритониё бояд бо ҳам дар паймони маҳдудсозӣ ва коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ ба ҳисоб оянд, дар ҳоле, ки акнун танҳо Амрико узви ин паймон аст. 

Дар ниҳоят, Кремл муддаӣ аст, ки Амрико бо тавсеаи системаҳои зиддимушакӣ, ки қодир ба раҳгирии кулоҳакҳои ҳастаии русӣ ҳастанд, паймони “Старти нав”-ро нокоромад сохтааст. Маскав ҳамчунин Вашингтонро ба нақзи ин паймон аз тариқи “тағйири номи беш аз 100 силоҳи таҳоҷумии стратегӣ ба тавре, ки дигар дар ин тафоҳумнома қарор намегиранд” муттаҳам мекунад. 

Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд дар сурате, ки Вашингтон дар амри коҳиши таниш дар сатҳи байналмилалӣ “ҳусни ният” нишон диҳад, Маскав қодир хоҳад буд таълиқи паймони “Старти нав”-ро бекор созад. 

Кохи Кремл ҳамчунин пеш аз ин дар авоили моҳи август эълом карда буд, ки бозрасиҳои барномарезишуда аз сайтҳои низомии худро ба ҳолати таълиқ дар меовард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?