Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетКабирӣ: ҷамъсозии раҳбарони собиқи Қирғизистон сари як миз, гоми ҷасуронае аз сӯи...

Кабирӣ: ҷамъсозии раҳбарони собиқи Қирғизистон сари як миз, гоми ҷасуронае аз сӯи Ҷабборов аст

Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳамаи панҷ раисҷумҳури собиқи кишварашро сари як миз дар Дубай ҷамъ кард. Ин мулоқот боиси сару садоҳо ва вокунишҳое на танҳо дар Қирғизистон, балки дар кишварҳои дигар ҳам шуд. 

То ҳол назари ду раисҷумҳури собиқи ин кишвар — Отамбоев ва Ҷеенбеков дар бораи ин вохӯрӣ расонаӣ шудааст ва аз сиёсатмадорони дигар низ назар гирифта мешавад. “Радио Аззаттик”, бахши қирғизии Радиои Озодӣ назари ҷанде аз сиёсатмадорон, аз ҷумла раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дар ин гирифтааст. Паём тарҷумаи назари ӯро пешкаши хонандагонаш мекунад: 

Ман ба ҷиҳати ҳуқуқии масъала баҳо намедиҳам. Аммо чун сиёсатмадор ба ин назарам, ки ин як рӯйдодӣ мунҳасир ба фард (уникалӣ) аст. Бояд аз раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ва на танҳо аз ӯ, балки ҳамаи раисҷумҳурҳои собиқи ин кишвар қадрдонӣ кард, ки барои чунин вохӯрие ҷамъ шуданд. Ҳарҷанд ман куҷое хондам ё шунидам, ки на ҳама огоҳ буданд, ки қарор аст мулоқоти умумӣ шавад. Новобаста, ба ин назарам, ки ин гоми ҷасуронае аз ҷониби Ҷабборов буд.  

Ин аз он дарак медиҳад, ки ӯ, аввалан ба гомҳои ғайриоодӣ омода аст ва сониян на аз рақибон, на аз раисҷумҳурҳои собиқ ва на аз мухолифинаш, наметарсад. Бо фарқ аз бисёре раисҷумҳурҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла кишвари мо — Тоҷикистон, ки ҷуръати мулоқот ҳатто бо рӯзноманигоронро надорад, чи расад ба мухолифон ё раисҷумҳурҳои собиқ.

Ман намегӯям, ки Ҷабборов демократ ё либерал аст, на. Мегӯям, ки гом хеле ғайриоддӣ аст ва ӯ ҷасурона амал кард. Ростӣ бисёре аз раҳбарони худкома ҳам гоҳе ҷасурона амал мекунанд. Бинобар ин бояд ҷудо кунем: як гоми ҷудогона аз ҷониби Ҷабборов ва стратегияи умумӣ, ки ӯ кишварро ба куҷо мебарад. Бале, ман мувофиқам, ки дар Қирғизистон зиндониҳои сиёсии зиёде вуҷуд доранд. Вале, ба ҳар ҳол, ин гоме ба самти пеш аст. Ва агар ӯ бо ҳамин роҳ меравад, агар ӯ бо кадом роҳе раисҷумҳури собиқ Отамбоевро озод кард ва бо раисҷумҳурҳои собиқ, ки таҳти тафтишот қарор доранд вохӯрӣ анҷом дод, пас мантиқан ӯ бояд қадами дувумро ҳам гузорад. Яъне ҳамин гуна як иқдом бояд дар қиболи сиёсатмадорони дигаре ҳам, ки дар зиндон нишастаанд, анҷом гирад.  

Зеро ояндаи ҳар миллат аз сиёсатмадорони феълӣ вобаста аст, на аз кадом як раисҷумҳурҳои собиқ, оқсақолҳо ва ғайра. Бинобар ин ин иқдомро дастгирӣ мекунам ва умедворам гомҳои навбатӣ ҳам бардошта мешаванд. Ва бидуни истиҳола мегӯям, ки раҳбарони кишвраҳои дигари Осиёи Миёна низ бояд аз ӯ ибрат гиранд. Ман Ҷабборовро як раисҷумҳурӣ идеалӣ ё раҳбари идеалӣ намеҳисобам, раисҷумҳурҳои таҷрибадортари дигар вуҷуд доранд. Вале тараф ин гомро бардошт ва улгуе нишон дод. Чаро раисҷумҳурҳои дигари кишварҳои ОМ ҳам бо рақибон, норозиён ва мухолифони худ сари мизи гуфтугӯ нанишинанд? 

Бояд гуфт, дар кишвари мо ҳам чунин коре сурат гирифта буд, вақте Эмомалӣ Раҳмон маҷбур шуд бо  мухолифине, ки ҳанӯз дар хориҷ ва расман ғайриқонунӣ буд, мулоқот кунад. Ростӣ, яке аз давраҳои ин гуфтугӯ дар Бишкек баргузор шуд ва ман ҳам онҷо ҳузур доштам. Аммо фарқ дар чист? Раҳмонро на танҳо мухолифин, балки Русия, Эрон ва дигарон маҷбур карданд. Ҳамин ки Раҳмон майдонро аз рақибон холӣ кард, дигар сари мизи гуфтугӯ нишастан намехоҳад ва ҳатто бо журналистон мулоқот намекунад. 

Вале Ҷабборов ин гомро ихтиёран бардошт ва худаш занг зад. Ва ӯ бояд нишон диҳад, ки ин гом худнамоӣ нест, балки ваҳдати мардумашро мехоҳад. Ва барои ба ваҳдат расонидани мардум як мулоқот дар Дубай, мулоқоти дигар дар масалан Истамбул кофӣ нест. Ин вохӯриҳо бояд дар Бишкек ё Иссик-Кул баргузор шаванд ва паси мизи гуфтугӯ бояд намояндагони дигари мухолифин, ҷомеъа нишинанд ва танҳо дар ин ҳолат мардуми Қирғизистон бовар хоҳад кард, ки кор ба самти ваҳдат меравад. 

Бояд эътироф кард, ки шумо қирғизҳо на танҳо бо инқилобҳову амалкардҳои раисҷумҳурҳоятон, балки ҷомеъаи шаҳрвандӣ, журналистон, сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятӣ, нишон додед, ки аз мардумони дигари Осиёи Миёна каме фарқ доред. Ва ман инро замоне мегӯям, ки муносибати мо — тоҷикони қирғизҳо бинобар танишҳои марзӣ хеле мураккаб аст.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular