Дар муқоиса ба солҳои қабл, интиқоли тобут ба Тоҷикистон аз Русия 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Агар қаблан шумори тобутҳои муҳоҷирони ҷонбохта дар Русия ҳудуди 900-950 адад буд, соли 2022 ин рақам ба 1595 расидааст, ки афзоиши якбораи 60 дарсадиро нишон медиҳад.
Тибқи омори расмӣ соли 2021 ба Тоҷикистон ҷаноҳаи 950 шаҳрванди дар хориҷ ҷонбохтааш интиқол дода шуд. Соли 2018 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ ҷон бохта ва тобутҳояшон ба ватан оварда шуд, 966 нафар буд. Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба як кофтуковаш менависад дар соли 2022 шумораи тобутҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз хориҷ (асосан аз Русия) оварда шуд ба 1595 нафар расидааст.
Ҳеҷ мақоми кишвар дар ин бора дар нишастҳои матбуотиии солонаи имсола гузориш надод ва сабаби афзоиши якбораи интиқоли ҷанозаҳо ҳам расман шарҳ дода нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳалокати шаҳрвандони кишвар дар ҷанги Русия бо Украина суҳбат кардан намехоҳанд. Ягона посухи онҳо дар ин масъала ин аст, ки касе дар ин бора ба онҳо муроҷиат накардааст.
Дар расонаҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои то ин дам аз кушта шудани ҳудуди 20 тоҷик, дар ҷанги Русия дар Украина, ки қисми асосиашонро зиндониҳо ташкил медиҳанд хабар нашр шудааст.
Дар ҳамин ҳол, як пурсиши Паём аз хонандагонаш дар Русия маълум кард, ки дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар ҳафтае нест, ки хабари марги як-ду тоҷик дар ҷанги Русия алайҳи Укроин паҳн нашавад. Ба гуфтаи онҳо, ҷанозаи қисме аз кушташудагон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Онҳое, ки пайвандонашон дар Русия қарор доранд, дар гӯристонҳои ин кишвар ба хок супорида мешаванд.
Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Тибқи иттилоъи расонаҳо, дар як соли ҷанг танҳо гурӯҳи “Вагнер” ҳудуди 100 000 зиндониро ба ҷанг ҷалб карда ва бештар аз 30 000-и онҳо кушта шудаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин арқом бо эҳтимоли зиёд шумори қурбониёни тоҷик хеле бештар он аст, ки хабари маргашон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

