Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гузориш дод, ки як рӯз пеш, 23 феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд заминларза рух дод.
Аммо, маркази заминларзаҳо дар кӯҳистон ва манотиқи беодам дар байни маркази ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез буд ва зарари ҷонию молӣ ба қайд гирифта нашуд.
Ҳамчунин ба иттилоъи манбаъ системаи назорат ва огоҳсозии бармаҳал дар кӯли Сарез муътадил кор мекунад. Тағйирот дар кули Сарез бар асари заминларза ба қайд гирифта нашудааст. Маҷрои оби сарозер аз кӯли Сарез бетағйир боқӣ мондааст.
Соли 2015 дар мавзеи кӯли Сарез заминларза ба шиддати 7,3 дараҷа рух дод, ки бар асари он резиши санг ба қайд гирифта шуда буд. Он замон ҳам дар сарбанди Усой тағйироте ба амал наомадааст.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ изҳор медорад, ки барои изтироб сабабе вуҷуд надорад.Гуфтанист, дирӯз дар Тоҷикистон 7 маротиба заминларза шуда, бо иқтидори аз 5,5 то 7,3 бал заминро такон дод.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

