Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПирӯзии аввали аввалин тоҷик дар UFC

Пирӯзии аввали аввалин тоҷик дар UFC

Нурулло Алиев, аввалин размкори тоҷик дар UFC дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар аввалин рақобати худ дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” муқобили Рафаэл Алвеси бразилиягӣ ба пирӯзӣ расид.

Мусобиқа шаби 26 феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардид.

Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.

Рақобат пурра зери назорати Нурулло Алиев ҷараён гирифт. Ҳарчанд дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст, аммо Нурулло новобаста ба кам кардани як имтиёз, дилпурона мубориза бурд.

Нурулло Алиев ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ пурқувват буду ҳам аз ҷиҳати маҳорат. Ҳамин тавр, муҳориба бо бартарии Нурулло ҷараён гирифт ва дар ниҳоят ӯ бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).

Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White’s Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.

Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.

Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular