Баъди расонаӣ шудани кушта шудани 4 нафар дар натиҷаи ҳодисаи тармафароӣ дар ағбаи Шаҳристон, дар роҳи Душанбе — Чаноқ, дирӯз 27-уми феврал боз аз зери тарма ду ҷасади дигарро пайдо кардаанд.
Яке аз қурбониён писарбачаи тахминан 12 сола аст. Кофтукоби боз як ҷасади дигар дар ҷойи ҳодиса идома дорад.
Бино ба гузорише, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба расонаҳои маҳалӣ додааст, дар умум аз зери тармаҳо дар ду рӯзи охир 4 ҷасад берун оварда, ба сардхонаи ноҳияи Шаҳристон фиристодаанд. Мақомот то ҳол шахсияти онҳоро эълон накардаанд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеъаш навист, ки фавтидагон сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол Анора Саркорова, рузноманигори шинохтаи тоҷик дар саҳифаи телеграмияш дода гуфт, ки шаби 26 ба 27 феврал дар ағбаи Шаҳристони шоҳроҳи Душанбе-Чанок мошини тамғаи «Мусо» зери тарма монда, дар натиҷа се мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафари дигар дар беморхонаи ноҳия бистарӣ шудааст.
Ба гуфти Саркорова яке аз қурбониён ронандаи мошин Боқибеков Асанбек Миликбековичи 36-сола мебошад. Ҷасади Боқибековро дар ҷамоати Ванқалъаи деҳаи Сардеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурда мешавад.
Бинобар, ин ду маълумот номуайянӣ инаст, маълум нест ду мошин дар алоҳидагӣ, ки соҳиби яке аз Қубодиён ва дигаре аз Шуғнон аст, зери тарма мондаанд ва ё ҳама дар як мошин будаанд.
Гуфтанист, роҳи Душанбе-Чаноқ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст ва ин ширкат, ки марбут ба оилаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, барои нигоҳдории роҳ аз ронандагон маблағ мегирад. Зери тарма мондани мошин ва мусофирон дар роҳи Душанбе-Чаноқ солҳои гузашта низ иттифоқ афтодааст ва интиқод аз кори ширкати IRS зиёд аст. Аммо, ягон пешравӣ дар корҳои бехатарсозии роҳ дида намешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

