Энтони Ҷон Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА, имрӯз 28 феврал вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Амрико ҳавопаймои ҳомили Блинкен шабона дар Остона фуруд омад.
Энтони Ҷон Блинкен дар Остона бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон мулоқот мекунад. Мулоқот бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Мухтор Тлеубердӣ низ дар назар аст.
Худи ҳамин рӯз котиби давлатии ИМА дар нишасти вазирони сарони ниҳодҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар формати С5+1 ширкат хоҳад кард.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳида мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” аз қарибулвуқӯъи Михаил Мишустин, сарвазири Русия ба Тоҷикистон хабар додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

