Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазорати кор аз имкони фиристодани муҳоҷирон ба Бритониё хабар дод

Вазорати кор аз имкони фиристодани муҳоҷирон ба Бритониё хабар дод

Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо ширкати Про-Форс шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки дар доираи он шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори мавсимӣ дар ин кишвар ҷалб карда мешаванд, иттилоъ медиҳад “Ховар” бо истинод ба Вазорати кор ва шуғли аҳолӣ. Дар ҳамин ҳол шумори онҳое, ки ин имконро хоҳанд дошт, эълон нашудааст. Одатан шумори муҳоҷироне, ки Вазорати кор аз фиристоданашон ба хориҷ лоф мезанад бисёр кам буда, аз вобаста аз кишвари қабулкунанда аз 5-6 то 30-40 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Раванди бокортаъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад. Баъд аз гузаштан аз озмун хароҷот вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад.

Тамоми хизматрасонии марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират барои бақайдгирии шаҳрвандон ройгон мебошад.

«Шаҳрвандони синнашон аз 20 то 40-сола (зан ё мард) барои кор муроҷиат карда метавонанд. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ шаш моҳ аст. Пас аз шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба Ватан баргардад», — гуфтааст манбаъ.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ 13 феврал изҳор дошт, ки соли 2022 Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тибқи дархостҳои ҷойҳои кории холии субъектҳои кордиҳандаи давлатҳои хориҷӣ 2013 нафарро муташаккилона дар хориҷи мамлакат бо ҷойи кор таъмин намуд, аз ҷумла дар Федератсияи Русия — 1709 нафар, Қазоқистон — 223, Ҷумҳурии Туркия — 29 нафар, Лаҳистон — 35 нафар, Руминия — 11 ва Амороти Мутаҳидаи Араб — 6 нафар бо кор таъмин карда шуданд.

«Дар соли сипаригардида аз ҷониби марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират бо мақсади гуногунсамтии кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси шартномаи тарафайн бо иштироки намояндагони ширкати Про-форс 383 нафар дар Британияи Кабир бо кор таъмин гардид», — гуфт ӯ.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида шаҳрвандони кишвар барои кори мавсимӣ ба Кореяи Ҷанубӣ низ ҷалб гардиданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular