Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКишварҳои ИДМ дастрасии муҳоҷирон хадамоти иҷтимоӣ осонтар карданианд

Кишварҳои ИДМ дастрасии муҳоҷирон хадамоти иҷтимоӣ осонтар карданианд

Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастрасии коргарони хориҷиро ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ёрии тиббӣ барои ҳифзи солимияшон осонтар хоҳанд кард

Коршиносони кишварҳои ИДМ лоиҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи тиббии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба мувофиқа расониданд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии кумитаи иҷроияи иттиҳод, ин санад тибқи тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви иттиҳод пешниҳод мешавад.

Масъалаҳои расонидани ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар чаҳорчӯби платформаи ИДМ бо шартномаҳои байналмилалӣ танзим карда мешаванд ва охирин танҳо ба мушкилоти ёрии таъҷилӣ дахл дорад.

Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони корӣ, ба хусус коргарони беихтисос, аксаран бо ҳимояи маҳдуди иҷтимоӣ, бидуни дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва дигар хидматҳо кор мекунанд.

Ин вазъият кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро водор сохт, ки лоиҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаро таҳия кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular