Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмрико гуфт иҷоза намедиҳад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад

Амрико гуфт иҷоза намедиҳад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки кишвараш ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод Эрон силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад. 

Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико тайи конфронси матбуотии рӯзонаи худ дар робита бо гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мабнӣ бар мушоҳидаи зарраҳои ураниум бо ғинои 83.7 дарсадӣ дар таъсисоти ҳастаии Фаридо гуфт, ки кишвараш ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод Эрон силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад. 

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико изҳор дошт: раисҷумҳур Ҷо Байден ваъдаи ҷиддӣ ва қотеъонае додааст, ки Эрон ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт. Ҳаргиз иҷозаи вуқӯъи чунин амреро нахоҳем дод. 

Ӯ зимни таъкид бар ин ки имкони ҳалу фасли пойдори масъалаи барномаи ҳастаии Эрон аз роҳҳои дипломатик мумкин аст, гуфт: қасд дорем барои масъалаи барномаи ҳастаии Эрон як роҳи ҳали пойдор пайдо кунем. Ҳамчунон бар ин бовар ҳастем, ки беҳтарин роҳи ҳали ин мушкил дипломосӣ аст. Аммо ин масъала низ равшан аст, ки аз тамоми абзорҳо барои итминон аз адами дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳем кард. 

Прайс дар посух ба саволи хабарнигорон мабнӣ бар ин ки бо таваҷҷуҳ ба идомаи фаъолиятҳои Эрон дар заминаи ғанисозии ураниум ба рағми таҳримҳои шадиди Амрико, Вашингтон чӣ андоза ба таъсири таҳримҳо ё абзорҳои ҷадид дар мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Эрон мутмаин аст, тасреҳ кард: мо бар ин асл, ки Эрон ҳаргиз нахоҳад тавонист силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, пойбанд ҳастем. Ин ҳадафи муштараки мо бо Аврупо, кишварҳои Ховари Миёна ва ҳатто дурафтодатарин кишварҳои ҷаҳон аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular