Wednesday, October 22, 2025
ADS
HomeПаём нетАморати Муттаҳидаи Араб дар Сайёраи Миррих ба худ шаҳрак месозад

Аморати Муттаҳидаи Араб дар Сайёраи Миррих ба худ шаҳрак месозад

Аморати Муттаҳиддаи Араб як барномаи 100-солаеро ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он дар сайёраи Миррих, АМА ба худ як шаҳраке бунёд мекунад. Дар ин бора дар як саммити байналмилалӣ, ки имрӯзҳо дар Дубай шуда гузашта истодааст, муаллифони ин барнома гузориш доданд.

Дар ҳошияи ин саммит, дар як намоишгоҳ нақша ва сохти шаҳраки оянда дар сайёраи Миррих намоиш дода шуд.

Дар муаррифии ин барнома сарвазири АМА ва амири шаҳри Дубай, Муҳаммад бин Рашид Ал-Мактум ширкат варзид.

Ба назар гирифта шудааст,  ки дар сохтмони шаҳраки миррихӣ ду ташкилоти байналмилалӣ бо дастгирии институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар ин муддати сад соли омодагӣ, ҳамчунин мутахассисон барои ҳамлу нақли мардум ва хурока ба Миррих омода карда хоҳанд шуд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?