Раисҷумҳури Чин бо ибороти сареҳ ва ғайриодӣ, Амрико ва Ғарбро ба “садгузорӣ, муҳосира ва фишор” бар кишвараш муттаҳам кард. Мақомоти Вашингтон ин иттиҳомро рад карданд ва мегӯянд, Амрико ба думболи рақобат бо Чин аст, на як даргирӣ.
Муноқишаи иқтисодии байни Амрико ва Чин аз муддатҳо пеш доғ шудааст. Дар ҳоли ҳозир рафтори Пекин дар робита бо ҷанги Укроин, ба омили иловагие табдил шудааст, ки равобити ду кишварро сардтар мекунад. Давлати Амрико акнун охирин иттиҳоми Чин мабнӣ бар “эъмоли фишор”-и Амрико бар ин кишварро рад кардааст.
Ҷон Кёрби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи сешанбе 7 март бо ишора ба Чин гуфт: “ҳеҷ чизе дар рӯйкардҳои муртабит бо ин муносиботи бисёр муҳим вуҷуд надорад, ки касе битавонад ин таъбирро кунад, ки мо хоҳони даргирӣ ҳастем.”
Кёрби тасреҳ кард, ки набояд рақобатро бо даргирӣ яке донист. Ў гуфт: “мо мехоҳем рақобат кунем ва мехоҳем дар ин рақобат бо Чин пирӯз шавем, аммо мехоҳем онро мутлақо дар ҳамон сатҳ нигаҳ дорем.”
Ба гузориши хабаргузории Шинҳуо, Си Ҷинпин, раиси давлати Чин рӯзи сешанбе 7 март дар ҳошияи чаҳордаҳумини Кунгираи миллии халқи Чин, ки кори худро рӯзи якшанбе оғоз кард гуфт, кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Иёлоти муттаҳида дар пайи “садгузорӣ, муҳосира ва таҳти фишор қарор додан ҳамаҷонибаи Чин ҳастанд, ки чолишҳои бесобиқае дар масири пешрафти кишвар эҷод мекунад”.
Тсин Гон, вазири хориҷаи Чин низ дар мавриди “оқибатҳои фоҷиабор”, дар сурате, ки Амрико таҳоҷуми алайҳи Чинро “тормоз накунад”, ҳушдор додааст.
Баёни Пекин сареҳтар аз гузашта
Ин интиқоди алании Си аз изҳороти пешинаш фарқ дорад, чун қаблан раҳбарони Чин умдатан ба таври мубҳам аз “кишварҳои хос” бидуни ном бурдани мустақим аз Амрико ё Ғарб сӯҳбат мекарданд.
Ин изҳороти раҳбари Чин дар хилоли баҳс ва гуфтугӯ бо намояндагони конфронси машваратӣ, ки як ниҳоди машваратӣ ба роҳбарии Кунгираи халқ ва муташаккил аз чеҳраҳои барҷастааст, баён шуд. Кунгираи халқи Чин аз чанд рӯз пеш нишасти худро оғоз кардааст.
Давлати Амрико дар моҳҳои ахир маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла барои тарошаҳои роёнаиро (чипҳои компютерӣ) бар Чин ҷорӣ кардааст. Ду иқтисоди бузурги ҷаҳон барои тавлиди нимаҳодиҳо рақобати шадиде бо якдигар доранд. Амрико мехоҳад бо таваққуфи содироти ин навъ колоҳо монеъ аз истифодаи Чин аз фановарии Иёлоти муттаҳида барои мақсади низомии худ шавад.
Пекин дар охири ҳафтаи гузашта, бар умедвории худ нисбат ба барқарории равобити наздиктар бо аврупоиҳо таъкид карда буд. Ба гуфтаи мақомоти Чин, бо вуҷуди ихтилофи назар бо Иттиҳодияи Аврупо, Чин “ҳеҷ ихтилоф ва даргирии стратегии асосӣ” миёни тарафайн намебинад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

