Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИрсоли пулҳои худгард аз Амрико; Укроин ба ҳамла омода мешавад

Ирсоли пулҳои худгард аз Амрико; Укроин ба ҳамла омода мешавад

Иёлоти муттаҳида ба тозагӣ як бастаи кӯмаки низомии ҷадиди 400 миллиондоллариро барои кумак ба Укроин эълом кардааст. Ин баста барои нахустин бор шомили пулҳои гардони зиреҳӣ аст, ки ба нерӯҳои укроинӣ иҷоза медиҳад битавонанд барои ҳамла ба қувваҳои Русия аз рӯдхонаҳо убур кунанд. 

Ирсоли ин таҷҳизоти низомӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Киев худро барои як зиддҳамлаи густурда дар баҳори имсол барои озодсозии манотиқе, ки тавассути Русия тасарруф шудаанд, омода мекунад. 

Аммо ин пулҳои ҳаракаткунанда чистанд ва чаро дар замони феълӣ барои артиши Укроин аҳамият дорад? 

Ин пулҳои оҳанӣ “пули партобӣ тавассути нақлияи зиреҳӣ”-и (AVB) ном доранд ва умуман рӯй як тонк насб мешаванд. Дароозии пуле, ки моделҳои маъмули ин нақлиёти зиреҳӣ метавонанд бизананд ба 18 метр мерасад. 

Вазорати дифоъи Амрико дар бораи вижагии ин василаи нақлияи зиреҳӣ гуфтааст: “ин худравҳо барои ҳамроҳӣ бо сутунҳои зиреҳи тарроҳӣ шудаанд ва ба онҳо тавоноии убур аз рӯдхонаҳо, наҳрҳо, хандақҳо ва сангарҳоро медиҳанд. Пулҳо бар рӯйи бадани худравҳои зиреҳӣ насб мешаванд ва метавонанд бо мустақар шудан бар болои рӯдҳо ё рӯдхонаҳо як пули муаллақро ба сурати муваққат роҳандозӣ кунанд. Пас аз поёни убури аскарон ва таҷҳизот, василаи нақлияи ҳомили пул метавонад онро ҷамъ кунад ва барои идомаи кор ба нуқтаи дигар мунтақил шавад.”

Вазорати дифоъи Амрико навъи дақиқи пулҳои ирсолӣ ба Укроинро мушаххас накардааст, бо ин ҳол Пентагон дар анборҳои таслиҳотии худ дороии се гуна пули зиреҳӣ аст. Навъи нахуст он истилоҳан М60a1 ном дорад, ки аввалинбор дар соли 1987 муаррифӣ шуд. Ин пул ба ҷое, ки бурҷи тонк қарор дорад пайванд мешавад ва метавонад то 18 метр боз шавад. 

Навъи дувуми ин пулҳои зиреҳии М104 Wolverine ном доранд, ки навъи пешрафтатар аз ҳамон мавриди қаблӣ ҳастанд, бо ин тафовут, ки метавонанд рӯйи тонки Абрамс насб шаванд ва пулҳои асоситареро то дарозии 25 метр дар маҳал насб кунанд. 

Як модели дигар низ аз ин пулҳо мавҷудаст ки M104 JABS ном дорад ва содатар аз модели Волверини қаблӣ аст. Ин модел низ метавонад рӯйи тонки Абрамс насб шавад аммо тӯли пуле, ки эҷод мекунад кӯтоҳтар ва дар ҳудуди 18 метр аст. 

Нерӯҳои укроинӣ бояд дар ҳангоми истифода аз онҳо эҳтиёт кунанд чаро, ки ин пулҳо танҳо метавонанд вазни 60 тоннаро дар он воҳид таҳаммул кунанд. Ин пулҳо барои интиқоли худравҳои зиреҳии кӯчактар ва сабуктари мавҷуд дар Укроин идеал ҳастанд, ҳарчанд метавонанд вазни тонкҳои ҷангии бузургтар монанди Леопард-2 сохти Олмон ва ҳатто тонки сангинтари Абрамсро низ таҳаммул кунанд. 

Идаи амалиётии пулҳои ҳаракаткунанда ин аст, ки ибтидо бозуҳои ҳидравликии пул онро дар арзи танҳо чанд дақиқа мустақар мекунанд ва сипас баъд аз убури як воҳиди зиреҳӣ, онро ҷамъ карда ва барои пуштибонӣ аз нерӯҳои дигар ба манотиқи дигари амалиётӣ мераванд. Бо ин вуҷуд мумкин аст чунин амалкарди пуршитобе дар Укроин имконпазир набошад ва ин пулҳо ба унвони пулҳои муваққатӣ дар макон боқӣ бимонанд то замоне, ки як пули доимӣ дар маҳал сохта шавад. 

Коршиносони низомӣ мегӯянд вуруди ин васоили зиреҳӣ метавонад дар сарнавишти ҷанг муассир бошад чаро, ки Русия барои дифоъ аз манотиқи ишғолии худ бар рӯйи оброҳаҳои бидуни пул ва монеъаҳои табиӣ ҳисоб кардааст. Дар ин вазъият ҳангоме, ки пулҳои зиреҳии ҳаракаткунандаи Укроин дар набард зоҳир шаванд, нерӯҳои Маскав дар манотиқе, ки дорои дифоъи сабук ва нокофӣ ҳастанд ногаҳон худро дар муқобилӣ воҳидҳои укроинӣ хоҳанд ёфт. 

Дар ташреҳи амалиёти низомӣ маъмулан гуфта мешавад, ки пулҳои мутаҳаррик охирин таҷҳизоти мавриди ниёз барои оғози ҳамла ҳастанд. Нозирон мегӯянд ин воқеият, ки онҳо акнун ба Киев ирсол шудаанд метавонад нишонае бошад бар ин ки коршиносони амрикоӣ итминон доранд Укроин билохира омодааст то таҷҳизоти зиреҳии ҷадиди худро ба таври муассир ва дар амалиёти таҳоҷумии бузург ба кор гирад. 

Ҳамчунин шитоби Иёлоти муттаҳида дар ирсол ин гумонро тақвият мекунад, зеро таҷҳизоти ҷадид аз анборҳои таслиҳотии мавҷуди Иёлоти муттаҳида ирсол мешаванд ва барои фиристода шудан ниёзе ба таъйиди Кунгура надоранд. 

Дар сӯи муқобил Русия таҳдид кардааст ҳар навъи силоҳи ғарбӣ дар хоки Укроинро аз байн хоҳад бурд. Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон, дар ин бора гуфтааст: “тамоми силоҳҳои хориҷие, ки дар майдони набард дар дасти Укроин бошанд замингир ва нобуд хоҳанд шуд.” 

Аз замоне, ки Русия дар феврали соли гузашта ба Укроин ҳамла кард, Иёлоти муттаҳида то кунун беш аз 32 миллиард доллар силоҳ ва таҷҳизот ба Киев ирсол кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular