Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВолии Толибон дар Балх кушта шуд. ДОИШ масъулияташро ба дӯш гирифт

Волии Толибон дар Балх кушта шуд. ДОИШ масъулияташро ба дӯш гирифт

Муҳаммад Довуд Музмал, волии Толибон дар вилояти Балх, дар як суъиқасди интиҳорӣ дар дафтари кораш кушта шуд. Ў яке аз баландпоятарин мақомҳои Толибон аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар соли 2021 буд. Чанд нафари дигар ҳам дар ин инфиҷор кушта шуданд. 

Субҳ панҷшанбе чанд тан, аз ҷумла як мақоми аршади Толибон дар як суъиқасди интиҳорӣ дар шаҳри Мазори Шариф дар вилояти Балх кушта шуданд. Сухангӯи пулис дар ин бора ба расонаҳо гуфт, ки Муҳаммад Довуд Музмал, волии Толибон дар вилояти Балх яке аз се нафаре буд, ки дар ин ҳодиса кушта шуданд. Ин инфиҷор дар дафтари кори Муҳаммад Довуд Музмал рух дод ва ба гуфтаи пулис ҳанӯз мушаххас нест омили интиҳорӣ чи гуна ба ин макон роҳ пайдо кардааст. 

Музмал яке аз муҳиммтарин афроди Толибон аз замони бозгашти ин гурӯҳи исломгаройи ифротӣ ба қудрат дар Афғонистон дар тобистони 2021 буд. Ў дар ибтидо волии вилояти Нанигарҳор дар шарқи Афғонистон буд ва дар он ҷо раҳбарии мубориза бо ДОИШ-ро бар ӯҳда дошт. Вай соли гузашта ба Балх мунтақил шуд. Музмал нахустин мақоми аршади Толибон аст, ки пас аз тасаллути ин гурӯҳ бар Афғонистон кушта мешавад. 

ДОИШ масъулияти куштани волии Толибон дар Балхро ба ӯҳда гирифт 

Пойгоҳи хабарии Аъмоқ рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ бар Муҳаммад Довуд Музмал, волии Толибон дар Балх аз сӯи ин гурӯҳ анҷом шудааст. Хабаргузории ДОИШ ҳуввияти фарди интиҳоркунандаро мунташир кардааст. 

Толибон гуфт, ки Довуд Музмал дар асари як “инфиҷор” ҷони худро аз даст дод. 

ДОИШ иддао кард, ки фарди интиҳоркунанда, ки ӯро Абдулҳақ Ал-Хуросонӣ муаррифӣ кардааст, пас аз убур аз монеъаҳои амниятии худро ба дафтари кори волии Толибон расонд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular