Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРӯзноманигори боздоштшудаи панҷакентиро ба Хуҷанд бурдаанд

Рӯзноманигори боздоштшудаи панҷакентиро ба Хуҷанд бурдаанд

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷикро, ки чаҳор руз пеш мақомоти амниятӣ уро рабуда буданд ва аз ӯ ному нишоне набуд,  аз шаҳри Панҷакент ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Дар ин бора яке аз хешовандони Фозилов ба хабаргузории АзияПлюс иттилоъ дода гуфтааст, ки  то ба ҳол ба онҳо касе нагуфтааст, ки бо кадом сабаб Хуршед Фозилов боздошт шудааст.

Гуфтаанд, ки Хуршедро пас аз бозпурсӣ, имрӯз раҳо мекунанд, аммо имрӯз гуфтаанд, ки Хуршедро ба Хуҷанд бурдаанд. 

Ба гуфти пайвандонаш то ҳол барои Хуршед Фозилов вакили дифоъ нагирифтаанд ва намедонанд, ки ӯ бо вакили дифои давлатӣ таъмин аст ё не.

Бо гузашти 4 шабонарӯз аз боздошти рӯзноманигор мақомот то ҳол расман ҳеҷ иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular