Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФардо мурофиаи қотили Ҳувайдо баргузор мегардад

Фардо мурофиаи қотили Ҳувайдо баргузор мегардад

Қарор аст фардо 15 март, мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин, фашисти муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик баргузор гардад.

Ин мард 22 июли соли 2018 Ҳувайдои хурдсолро бераҳмона таҷовуз карда, сипас кушта буд.

“Азия-Плюс” бо истинод ба Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода хабар дода, ки мурофиаи навбатӣ пагоҳ соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор мегардад.

Падари Ҳувайдо мегӯяд, умед дорад, ки Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли фарзандаш, ҷазои сазовор хоҳад гирифт ва ин охирин мурофиа хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки бори охир 22-юми июни соли 2021 мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин баргузор гардида буд, ки ҳеҷ натиҷа надод.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular