Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВоридшавии Тоҷикистон ба системаи кори Корея баррасӣ шуд

Воридшавии Тоҷикистон ба системаи кори Корея баррасӣ шуд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок масъалаи ба системаи иҷозаи кор дар Кореяи Ҷанубӣ шомил шудани Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Ин воридшавӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми кор дар Кореяро осонтар месозад.  

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин масъала дар вохӯрии вазир бо сафири Корея баррасӣ шудааст.

Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи ба диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар хусуси интиқоли қувваи корӣ ба Кореяро баррасӣ карданд.

Тарафҳо ба воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар ва механизми татбиқи созишномаҳои баимзорасида байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Корея оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар ин кишвар, гуфтугӯ карданд.

Сафир Квон Донг Сок омодагии худро барои мусоидат дар баррасӣ ва баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ба интиқоли қувваи корӣ ба Корея ва воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоқикистон зимни фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар изҳор намуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки дар миён аст, донистани забон аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular