Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДуздӣ дар Суғд бо суръат афзоиш меёбад

Дуздӣ дар Суғд бо суръат афзоиш меёбад

Кормандони милитсия дар шаҳри Истаравшан як қатор ҷиноятҳои дуздиро ошкор карданд.

Аз паи шикояти як сокини 59 солаи шаҳри Истаравшан, ба гумони дуздӣ як навраси 16-сола ва як марди 58-солаи ҳамин шаҳр дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, аз мағозаи ин мард, шахсони номаълум ба маблағи 6200 сомонӣ маблағро дуздида шудааст.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВКД ҶТ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини ноболиғи 16-солаи маҳаллиро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Дар баробари ин аз ҷониби кормандони милитсия як сокини 58-солаи шаҳр низ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд шикоят аз мавриди дуздию ғорат қарор гирифтани хонаву амволи шаҳрвандон руз ба руз зиёд мешавад.

Расонаҳои маҳаллӣ низ ҳамаруза дар бораи дуздӣ пай дар пай хабарҳо нашр мекунанд. Илова бар ин рузе нест, ки дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи дуздию ғорат гузориш нашр накарда бошад.

Як манбаъи Паём аз ноҳияи Ашт гуфт, дар рузи равшан, ки дар хонаам будам, баъди се рузи аз Русия ба ватан рафтанам, хонаамро дуздон ғорат карданд. 

Ин мард афзуд: “На фақат маблағи аз Русия бурдаамро дуздиданд, балки гушворию ашёи зиннати оилаамро низ бо худ бурданд. Воҳимаи дуздии рузафзун дар ноҳия паҳн аст, аммо аз дасти пулис коре сохта нест.”

Як сокини узбекзабони шаҳри Бустони ноҳияи Мастчо низ ба Паём гуфт, дар давоми ду моҳ се маротиба ба хонаам дузд даромад. 

Ӯ гуфт, :Бори охир аз хонаам гови ҷушоро бо гусолааш дуздиданд. Дуздӣ чунон авҷ гирифтааст, ки ҳар куҷое меравӣ дар бораи дуздӣ гап меравад. Аз авҷгирии рӯзафзуни дуздӣ мардум ба дод омадааст.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular