19-уми феврали соли 2017 дар Испониё даври 23-юми Ҷоми мусобиқот оид ба футбол байни дастаҳои «Ла-Лига» баргузор шуд. Дар ин даври мусобиқот дастаи футболи «Барселона «- дар майдони худ дастаи футболи «Леганес»-ро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бозӣ Месси маҳорати хубе нишон дода, дар дақиқаҳои 4-ум ва 90-ум (аз пеналти) ду гол ва дар дақиқааи 71- ум Лопес як гол ба дарвозаи меҳмонон тӯбро ворид карданд. Дар натиҷа дастаи футболи «Барселона » соҳиби се холи дигар гардид ва ба дастаи футболи «Реал»-и Мадрид наздиктар шуд. Дастаи «Реал «-и Мадрид дар ин давр, ки рӯзи 18.02.2017 доир гардида буд, бо дастаи футболи «Эспаниол»-и Барселона дидор кард.Натоиҷи бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи мадридихҳо хотима ёфт.Голҳоро дар дақиқаи 33-юм Мората ва дар дақиқаи 84-ум Бэйл ба нишон расониданд ва 3 имтиёз гирифта, дар садри ҷадвали мусобиқот бо 52 хол қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар ин мусобиқот дастаи футболи «Барселона» бо 51 хол, дастаи футболи «Севиля» бо 49 хол ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол кардаанд.
Дубли Месси ва пирӯзии «Барселона»
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.