Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФоруми сармоягузории Тоҷикистону Бритониё дар Лондон ва имкони ширкати Раҳмон дар он

Форуми сармоягузории Тоҷикистону Бритониё дар Лондон ва имкони ширкати Раҳмон дар он

Рӯзҳои 28 ва 29 март дар Лондон форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Бритониёи кабиру Ирландияи шимолӣ баргузор мешавад. Тахмин меравад Эмомалӣ Раҳмон низ барои ширкат дар ин форум роҳии Лондон шавад.

Ҳадаф аз баргузории ин маҷмаъ, ҷустуҷӯи шарикони тиҷорӣ дар байни соҳибкорон ва густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ байн ду кишвар гуфта мешавад. 

Дар ин маросим намояндагоне аз мақомоти марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Бритониё ва ҳамчунин соҳибкорони ду кишвар дар заминаҳои энержӣ, тавлид, хадамот, лоҷистик ва дору ҳузур хоҳанд дошт. 

Ба гузориш маркази матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дороии давлатии Тоҷикистон, намоишгоҳе аз колоҳо ва маҳсулоти дохилӣ низ дар чорчӯби ин форум баргузор мешавад. 

Ҳамзамон, дар чорчуби ин форум, нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар дар қолаби “Бизнес бо бизнес” (В2В) бо ширкати бахшҳои давлатӣ ва хусусии ҳар ду тараф баргузор мешавад. 

Як манбаъи “Паём” гуфт, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ бо баҳонаи ин форум ба Лондон сафар кунад. Тасдиқи сафари раисҷумҳур аз манобеъи дигар ҳанӯз даст надодааст. 

Кумита давлатии сармоягузори тавзеҳ дода, ки дар натиҷаи ин форум, санадҳои ҳамкорӣ байнӣ соҳибкорони ду кишвар имзо хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular