Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Анқара иҷлоси фавқулодаи Созмони кишварҳои турк шурӯъ шуд

Дар Анқара иҷлоси фавқулодаи Созмони кишварҳои турк шурӯъ шуд

Иҷлос фавқулодаи Созмони кишварҳои турк бо мизбонии Туркия дар Анқара оғоз шуд. 

Дар ин иҷлос, ки бо меҳварияти “кумакҳои инсонӣ ва мудирияти вазъият изтирорӣ” дар муҷтамеъи раёсатҷумҳурии Туркия баргузор мешавад, Илҳом Алиев, Шавкат Мирзиёев, Қосим Ҷомарт Токаев ва Содир Ҷабборрв, руасои ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, Виктор Орбан, нахуствазир Венгрия ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури собиқи ва раис Шӯрои миллии Туркманистон ҳузур доранд. 

Ин иҷлос бо пешниҳоди Озарбойҷон ва ба манзури ҳамбастагӣ бо Туркия ба далели зилзилаҳои шашуми феврал баргузор мешавад ва мавзӯъоте дар хусуси тавсеъаи ҳамкориҳо дар мубориза бо ҳаводиси табиӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Мавзӯъоти муштараки Созмони кишварҳои турк низ аз дигар меҳварҳои ин иҷлос эълом шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular