Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Варшава ҳам алайҳи ҳузури Раҳмон дар Аврупо эътироз карданд

Дар Варшава ҳам алайҳи ҳузури Раҳмон дар Аврупо эътироз карданд

Гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ дар ҳамдилӣ бо мӯътаризони Берлин, ки алайҳи сафари Раҳмон ба Аврупо ва бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин анзди Вазорати хориҷаи Олмон ва майдони Бундестаг таҷаммӯъ карда буданд, дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ба эътироз баромаданд.

Эътирозгарони Варшава бо бардоштани аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он «Раҳмонов диктатор» ва «Диктатор Раҳмон боз ист!» навишта шуда буд, назди сафоратҳои Бритониё ва Ҳолланд дар Варшава шиорпартоӣ карданд.

Гуфтанист, дирӯз дар Берлин ду таҷаммӯъи эътирозии тоҷикон баргузор шуд,ки дар солҳои ахир бесобиқа буд. Дар назди Вазорати корҳои хориҷаи Олмон ҳудуди 100 нафар ва дар майдони Бундестаг беш аз 150 нафар бо талаби манъи сафари Раҳмон ба кишварҳои озод таҷаммӯъ ва шиорпартоӣ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular