Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи байналмиллалии Ҷобир оли Аҳмади шаҳри Кувайт баргузор шуд, бо натиҷаи 2 бар як ба нафъи мизбонҳо ба поён расид. Дар тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилови нимҳимоягар як гол ба самар расонд.
Ин дувумин бозии дӯстона тими Тоҷикистон дар тақвими мартии ФИФА буд. Тими миллии Тоҷикистон дар аввалин бозӣ 25 март дар Абудабӣ бо Аморот ба мусовии сифр бар сифр расид.
Дафъаи оянда тими миллии кишвар таҳти раҳбарии Петр Сегрта мутахассиси хорват дар моҳ май, замоне, ки омодашавӣ барои аввалин қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи марказиро оғоз мекунад, дидор хоҳад кард. Мусобиқот қаҳрамони CAFA-2023 аз 9 то 20 июн барномарезm шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

