Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНишасти Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар Деҳлӣ баргузор мешавад

Нишасти Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар Деҳлӣ баргузор мешавад

Нишасти солонаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз, чаҳоршанбе 29 март дар Деҳлӣ баргузор мешавад. 

Баррасии вазъияти минтақа, Афғонистон, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир аз мавзӯъоти ин нишаст аст. 

Ҳинд раёсати давраии Созмони ҳамкории Шанхайро бар ӯҳда дорад. Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон, Ҳинд ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд. 

Аъзои ин Созмон ҳарсол нишастҳоеро барои тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба баргузор мекунанд. 

Дар нишаст имрӯз дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ин Созмон қарор аст дар бораи вазъияти Афғонистон табодули назар шавад. Ҳузури фаъоли ДОИШ дар Афғонистон аз нигарониҳои умдаи Созмони ҳамкории Шанхай аст. 

Толибон дар ин ҳафта эълом карданд,ки чандин амалиёт алайҳи гурӯҳи ДОИШ дар вилояти Балх доштанд. ДОИШ пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон масъулияти ҳамалоти маргбореро дар нуқоти мухталифи Афғонистон бар ӯҳда гирифтааст. 

Ҳиндустон Таймз рӯзи сешанбе 28 март гузориш дод, ки интизор меравад дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Деҳлӣ, дар бораи таҳдидоти ношӣ аз шохаи Хуросони ДОИШ, Ал-Қоъида, “Лашкари таййиба” ва “Ҷайши Муҳаммад” табодули назар шавад. 

Кишварҳои узви ин Созмон бар ин ақидаанд, ки ҷангҷуёни ин гурӯҳҳо дар Афғонистон ҳузури фаъол доранд. 

Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон 

Ба гузориши расонаи “Трибун Индия”, афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз дигар мавзӯъоти гуфтугӯ хоҳад буд. 

Ин расона ба нақл аз мақомоти амниятӣ навиштааст, ки маводи мухаддир аз Афғонистон аз тариқи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҳамчунин заминӣ ба Ҳинд мунтақил мешавад. 

“Трибун Индия” мегӯяд қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Ҳинд дар тақвият ва ҳимояти молии терроризм дар Ҷому ва Кашмир нақш доштааст. 

Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони милал рӯзи сешанбе 27 март эълом кард, ки ба рағми мамнуъияти кишту харид ва фурӯши кукнор дар Афғонистон, даромади кишоварзон аз фурӯши тарёк афзоиш ёфтааст. 

Покистон ва Чин, ки равобити пуртаниш бо Ҳинд доранд, дар нишасти имрӯз онлайн ширкат мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular