Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар кӯчаҳои Хоруғ дурбинҳои назоратӣ насб карданд

Дар кӯчаҳои Хоруғ дурбинҳои назоратӣ насб карданд

Пулиси вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтааст, ки дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят, камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар”-ро фаъол кардааст.

Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки дар як ҳафтаи охир ҳафт ҳолати нақзи қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагонро тариқи ин камераҳо ошкор кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин камераҳо “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ” фаъол ҳастанд.

Маълум нест, ки тарҳи “Шаҳри бехатар” кай дар Хоруғ фаъол шудааст, вале ин тарҳ бори аввал дар соли 2013 дар шаҳри Душанбе фаъол шуда буд. Камераҳои назоратиро ширкати Huawei -и Чин бар асоси созишнома бо ВКД-и Тоҷикистон дар Душанбе насб карда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфа буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар дигар шаҳрҳои кишвар низ ин тарҳро роҳандозӣ хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular